17.9 C
Dushanbe

Ятимов дар куҷост?

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти кишвар иштирок накардааст. 

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, имрӯз, 19-уми феврал таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шӯрои амнияти кишвар баргузор гардид.

Дар кори маҷлис аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, роҳбарони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва кормандони Котиботи Шӯрои амният иштирок намуда, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ аз фаъолияташон дар соли 2025 гузориш додаанд. Аммо дар аксҳое, ки Хадамоти матбуоти Президент нашр кардааст, раиси КДАМ Саймумин Ятимов дида намешавад, вале муовинонаш, аз ҷумла муовини якуми ӯ генерал-лейтенант Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб дар ин ҷаласа иштирок дорад.

Гуфта мешавад, дар ин маҷлис Раҳмонов ба роҳбарону масъулин барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, омодагии доимии Қувваҳои мусаллаҳ, беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳо дода, хостааст камбудиҳои дар самти содир намудани ҷиноятҳои мансабӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо зудтар бартараф кунанд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа аз ҳифзи сарҳади давлатӣ, ки чанд вақти охир ноором аст ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва мубориза бар зидди онҳо гуфта шудааст.

Бояд гуфт, дар ҳоле ҷаласаи Шӯрои амният бе ҳузури Саймумин Ятимов баргузор мешавад, ки сару садоҳо дар бораи бемор будан ва барои табобат рафтанаш ба Аврупо зиёд шудааст.

Аз ҷумла, Шавкати Муҳаммад, сухангӯи ПМТ 10-уми феврали соли ҷорӣ дар саҳфаи фейсбукиш навиштааст, ки “такя ба манбаъҳои мустақил, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, айни ҳол дар Ҷумҳурии Олмон қарор дорад. Гуфта мешавад, ки вай гӯё барои табобати вазъи саломатӣ ба Олмон омадааст. Бо вуҷуди ин, гуфта мешавад, ки Ятимов дар холати умумӣ ба шахси ҷиддан бемор монанд нест ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дида мешавад”.

Ҳамчунин як манбаъ бо шарти зикр нашудани ном ба Azda.tv гуфт, ки Саймумин Ятимов гӯё ҳолаш бад шуда, охири моҳи январи соли ҷорӣ (29 ё 30-уми январ) бо парвози “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Мюнхени Олмон бурда шудааст ва баъд аз беҳтар шудани вазъаш дар баъзе мулоқотҳо бо тоҷикони Олмон дида шудааст.

Ба хотири табобат сафар кардани ӯ дар ҳоле аст, ки пеш аз ба табобат рафтани Эмомалӣ Раҳмон ба Чин қароре қабул шуда будааст, ки кормандони қудратӣ ва интизомӣ ҳаққи берун рафтан аз кишварро ҳатто барои табобат надоштаанд.

То ҳол ба Azda.tv муяссар нашудааст, ки дурустии ин сару садоҳоро аз ҷойи дигар тасдиқ кунад.

Бояд гуфт, дар ҳоле Саймумин Ятимов дар ҷаласаи Шӯрои амният иштирок надошт, ки ҳадди ақал дар ду кишвари Осиёи Марказӣ дар чанд рӯзи охир раисони КДАМ-и Қирғизистон ва Туркманистон аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хариду фурӯши узвҳои инсон: Дар клиникаи “Истиқлол”-и Душанбе чӣ мегузарад?

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон як гурӯҳи ҷиноятиеро ошкор кардаанд, ки ба хариду фурӯши ғайриқонунии узвҳои инсон муттаҳам мешаванд.

Як мард ҳангоми муноқиша ҳамсарашро бо корд зад

ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ Турдибоев Ҷавлони 26-сола, сокини ноҳияи Шаҳристонро, ки дар муноқишае ҳамсари худро чандин бор бо корд зада маҷруҳ карда буд, дастгир кардааст.

Дар моҳи Рамазон ба мардум бештар барқ медиҳанд?

Ширкати "Барқи тоҷик" иддао карда, ки дар моҳи мубораки Рамазон ба сокинони кишвар бештар барқ медиҳад.

Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи артиши Исроил дар Ғазза

Бар асоси гузориш баъзе аз шаҳрвнадони кишварҳои Осиё Марказӣ, бахусус аз Тоҷикистон дар сафи артиши Исроил дар Ғазза ҷангидаанд.