9.9 C
Dushanbe

Юсуф Раҳмон парвандаи ҷиноии раиси ноҳияи Раштро ба Эмомалӣ Раҳмон равон кард

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бар зидди Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ва вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар парвандаи ҷиноятӣ кушода, ба Эмомалӣ Раҳмон фиристодааст. 

Раҳимҷон Муқимӣ ба ҷудо кардани ғайриқонунии қитъаҳои замин ва гирифтани пора гумонбар аст. 

Дар ҳисоботи нимсолаи аввали Юсуф Раҳмон ба Президент, ки он ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” расидааст, додситонӣ аз чанд ҷинояти раиси ноҳияи Рашт зикр кардааст. 

Аз ҷумла, дар ин ҳисобот омадааст, ки “раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Р.Н. бо истифода аз ваколатҳои хидматиаш дар солҳои 2019-2022 ба воситаи раиси ҷамоати деҳоти Ҳоит Аббосзода Д. аз 2 нафар маблағи 29 000 сомонӣ гирифта, ба онҳо аз заминҳои таъиноти кишоварзии ноҳия ғайриқонунӣ дар майдони 0:33 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст”.

Гуфта мешавад, Дилшод Аббосзода ҳоло мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт аст. 

Бино ба иттилои “Бомдод”, ӯ соли 2022 ба ин мансаб таъйин гардид ва моҳи январ бо талаби раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт барои ин мансаб 100 ҳазор сомонӣ пора дод. 

Дар робита ба ин ҳодиса раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт Холмаҳмадро Ортиқов кормандони Агентии мубориза бо коррупсия дастгир карданд, вале ахиран додгоҳ ӯро ҳамагӣ 60 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, аз ҷавобгарӣ озод кард. 

Гуфта мешавад, он замон хабари боздошти Раҳимҷон Муқимӣ бо раҳбари дастгоҳаш низ расонаӣ шуда буд, аммо раис ба ҷавобгарӣ кашида нашуда, озод шуд. 

Инчунин дар ин ҳисобот гуфта мешавад, ки “Раҳимҷон Муқимӣ дар солҳои 2022-2023 аз шахсони алоҳида дар 44 ҳолат, аз ин дар 42 ҳолат барои ҷудо намудани майдони 371,6 гектар замин ба воситаи раиси кумитаи идораи замини ноҳия Ҷабборов А. маблағи 228 ҳазор сомонӣ ва 3000 доллари ИМА, дар 2 ҳолат барои ҷудо намудани майдони 6,11 гектар замин ба воситаи ёрдамчии раиси ноҳияи Кабутов Б. маблағи 30 ҳазор сомонӣ, инчунин барои сохтмони ҳар гуна иншоот ва корхонаҳои истеҳсолӣ маблағи 287 ҳазор сомонӣ ва 1000 доллари ИМА гирифтааст”.

Раиси Кумитаи замини ноҳияи Рашт Алимардон Ҷабборов, ки дар ҳисоботи додситони кул зикр шудааст, моҳи майи соли 2023 аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иттиҳоми ғайриқонунӣ фурӯхтани қитъаҳои замин ва гирифтану додани пора дастгир шуд.

Ин бори аввал нест, ки номи Раҳимҷон Муқимӣ бо иттиҳоми гирифтани ришва расонаӣ мешавад.

Раҳимҷон Муқимии 61- сола то таъйин шуданаш ба ҳайси раиси ноҳия дар соли 2019, солҳои зиёд дар идораи андоз ва сипас ба ҳайси раҳбари шуъбаи молияи ноҳияи Рашт кор кардааст. 

Инчунин Муқимӣ вакили Маҷлиси миллӣ буда, аз масунияти вакилӣ бархӯрдор аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.

Аксбардории падару духтар ва домод бо Попи Рум

Рӯзи 26-уми апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар Ватикан бо попи Рум, Франсиск ва Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот кард.