18.9 C
Dushanbe

Захмӣ шудани раиси Исфара дар даргириҳои имрӯза дар Хоҷа Аъло

Ҷузиёти бештар аз даргириҳо дар Хоҷа Аъло

Як манбаъ аз маҳалли даргириҳо дар Хоҷа Аъло ба “Аздо тв” гуфт, ки дар пайи даргириҳои имрӯза байни нерӯҳои марзбонии тоҷику қирғиз дар минтақаи Хоҷа Аълои шаҳри Исфара беш аз 40 нафар захмӣ шудаанд ва онҳоро дар масҷиди Хоҷа Аъло нигоҳ медоранд.

Теъдоди кушташудаҳо то ҳанӯз маълум нест, вале тибқи баъзе манобеъ 4 нафар аз сокинони Хоҷа Аъло низ дар ин даргириҳо кушта шудаанд.
Дар байни захмиён 9 шаҳрванди маҷруҳи Қирғизистон низ вуҷуд доранд, ки ба қавли манбаъ, яке аз онҳо подполковник мебоашд.

Ӯ мегуяд, дар Хоҷа Аъло танҳо нерӯҳои марзбонӣ, пулис ва мардуми маҳаллӣ муқовимат доранд ва аз нерӯҳои вижа “Алфа” ё Горди раёсатҷумҳурӣ хабаре нест.

Ҳамчунин дар наворҳое, ки ба дасти “Аздо тв” расид, дида мешавад, ки мардумоне, ки бо забони қирғизӣ суҳбат доранд, дар дастонашон маводи оташзо хонаҳои мардуми маҳалро оташ мезананд.

Як манбаи дигар ба “Аздо тв” гуфт, ки Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара, ки дар минтақаи даргирӣ ҳузур дошта низ захмӣ шуда, ҳамроҳи дигар захмиён дар масҷиди Хоҷа Аъло мебошад ва ӯ аз қисмати пушташ захм бардоштааст.

Ба гуфтаи манбаъ, аз баски роҳ байни Хоҷа Аъло бо Исфара бастааст ӯ ҳамроҳи дигар захмиён онҷо банд мондаанд. Ба “Аздо тв” муяссар нашуд ин маълумотҳоро аз манобеи дигар тайид кунад, дар сурати дастрасӣ ба маълумоти бештар хабар такмил хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.