Заминларзаи сахт дар Венесуэла даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт

Дар пайи ду заминларзаи пурқувват дар Венесуэла даҳҳо нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба иттилои мақомоти ин кишвар, заминларзаҳо рӯзи 24-уми июн дар наздикии пойтахт — Каракас рух дода, дар чанд минтақаи кишвар харобиҳои зиёд ба бор овардаанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), нахуст заминларзае бо қувваи 7,2 дараҷа ва баъд аз он, дар камтар аз як дақиқа, заминларзаи дигаре бо қувваи 7,5 дараҷа ба қайд гирифта шудааст. Маркази ҳар ду заминларза дар ғарби Каракас, дар наздикии соҳили баҳри Кариб будааст.

Мақомоти Венесуэла мегӯянд, бар асари ин офати табиӣ дасти кам 32 нафар ҷони худро аз даст дода, беш аз 700 кас маҷруҳ шудаанд. Аммо баъзе расонаҳо бо такя ба манобеи расмӣ аз афзоиши шумори қурбониён то беш аз 160 нафар низ хабар додаанд. Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки эҳтимол теъдоди талафот боз ҳам бештар шавад, зеро корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот идома доранд.

Зарари асосӣ ба шаҳри Каракас ва иёлати Ла-Гуайра расидааст. Дар ин минтақаҳо чандин бино фурӯ рехта, баъзе сокинон зери харобаҳо мондаанд. Бар асари таконҳои сахт, барқ ва алоқа дар қисматҳое аз кишвар қатъ шуда, фурудгоҳи байналмилалии Симон Боливар низ осеб дидааст.

Президенти муваққати Венесуэла Делси Родригес дар кишвар вазъияти фавқулода эълон карда, гуфтааст, ки наҷотдиҳандагон барои берун овардани одамон аз зери вайронаҳо талош доранд. Ба гуфтаи ӯ, мактабҳо муваққатан баста шуда, барои осебдидагон паноҳгоҳҳои муваққатӣ ташкил мешаванд.

Коршиносони амрикоӣ ҳушдор додаанд, ки бинобар қувваи баланди заминларзаҳо ва осебпазирии бисёре аз биноҳо, шумори воқеии қурбониён метавонад аз омори аввалия бештар бошад.

Венесуэла дар минтақаи фаъол аз назари тектоникӣ ҷойгир аст, аммо чунин заминларзаҳои пурқувват дар ин кишвар кам рух медиҳанд. Расонаҳои байналмилалӣ менависанд, ки заминларзаҳои дирӯза аз пурқувваттарин офатҳои табиии солҳои охир дар Венесуэла ба ҳисоб мераванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ФАВРӢ! КҲФ аз дарёи Панҷ ҷасаде пайдо карда, ки эҳтимол Мирзонаботов бошад

КҲФ рӯзи 25-уми июн бо интишори хабари фаврие иттилоъ дод, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як мардро пайдо карданд.

Дар Тоҷикистон боз андоз аз нақлиёт зиёд шуд

Дар Тоҷикистон ба Кодекси андоз тағйирот ворид карда шуд, ки бар асоси он миқдори андоз барои баъзе навъҳои воситаҳои нақлиёт афзоиш меёбад.

Кушта шудани як фармондеҳи баландпояи ДИИШ дар Сурия

Амрико эълон кард, ки дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ин кишвар дар шимолу ғарби Сурия, яке аз раҳбарони баландпояи гурӯҳи ДИИШ кушта шудааст.

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон бо гумони кӯшиши қаллобӣ

Додгоҳи ноҳияи Замбрув (Zambrów)-и Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми кӯшиши қаллобӣ барои се моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.