32.9 C
Dushanbe

Занҳои “мардикорбоз” кай ба ҷойи кор таъмин мешаванд?

Дар шаҳри Бохтар барои занҳои мардикор маркази касбомӯзӣ бунёд мекунанд. Занҳо мегӯянд, ки касбомӯзи барояшон хуб аст, аммо беҳтар мебуд агар дар раҳандозии тиҷорати хусусӣ ба онҳо кумаки молӣ мекарданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, як созмони иҷтимоӣ дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, занонеро, ки ба истилоҳ “мардикорӣ” мекунанд, бо давраҳои касбомӯзӣ фаро гирифтааст.

Гулбибӣ Ҳамидова, раиси созмони “Зан ва ҷомеаи асри 21” дар шаҳри Бохтар гуфтааст, барои занони корҷӯ омӯзиши чанд касбу кор, аз ҷумла дӯзандагӣ, пазандагӣ ва ороишгари рӯю мӯйро ба роҳ монданд.

Ҳомидова чунин иброз дошт: “Ҳукумати шаҳр ташкилоти моро дастгирӣ кард. Ба мо 10 сотих замин ҷудо карданд. Ният дорем, ки дар ин ҷо як бинои сеошёна созем. Ин биноро созем, занон дигар дар мардикорбозор намешинанд ва бо дар назардошти он ки кӣ чӣ ҳунар дорад фаъолият хоҳад кард”.

Дар ҳамин ҳол яке аз занҳои корҷӯ бо номи Малика Зиёева гуфтааст, “Ман дар мардикорбозор ҳастам. Дар ҳар куҷое, ки кор пайдо шавад, меравам. Хоҳиш дорам, ки барои занони корҷӯйи “мардикорбозор” кумак кунанд. Агар пул бошад, ман дӯкон гирифта, мехоҳам тиҷорати худро ба роҳ монам”.

Ӯ гуфтааст, ки тайи чор сол аст дар инҷо фаъолият мекунад аз ин ҳисоб зиндагиашро пеш мебарад.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон ба ин бозор ба назди занонҳо рафта суҳбат намуда буд, ҳамчунин пас аз ӯ намояндагони дигари мақомоти давлатӣ низ ба онҷо рафта ва ваъдаи ба ҷои кор таъмин кардани занҳоро дода буданд, вале то ҳол дида мешавад, ки занҳо дар ин сардии зимистон дар интизори пайдо кардани коранд, аз вохӯриҳо натиҷае нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Оё вазъи занҳои мардикорбозор дар Хатлон тағйир меёбад?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.

Кӣ дурӯғ мегӯяд, донишҷӯён ё Вазорат?

Донишҷӯён аз “облава” неву аз “нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ”-и Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб гурехтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин

Дар ҳоле, ки мақомоти Русия фишорҳо болои муҳоҷирони кории...