21.9 C
Dushanbe

Зарифӣ иттиҳоми мақомотро рад кард

Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттиҳоми хиёнат ба давлатро рад кардааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мурофиаи навбатии 8 чеҳраи шинохтаи кишвар, ки ба “талоши табаддулот” ва “ғасби қудрат” гумонбар мебошанд, 18-уми ноябри соли ҷорӣ дар “СИЗО”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Мурофиа пушти дарҳои баста ва бидуни иштироки рӯзноманигорону наздикони гумонбарон ҳудуди 4 соат идома карда, чанде аз ин чеҳраҳои шинохта пурсида шудаанд.

Аз ҷумла, Ҳамрохон Зарифӣ дар ин мурофиа гуфтааст, ки “ба давлат хиёнат накардааст, вале тасдиқ кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо имзои мустаор менавишт, чун агар бо номи худ менавишт, назари собиқ вазири корҳои хориҷӣ фаҳмида мешуд”.

Инчунин Абдулфайз Атоӣ, сухангӯйи пешини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду сарҳанги бознишастаи амният низ дар мурофиа иттиҳоми ғасби ҳокимиятро рад кардаанд.

Пештар аз инҳо Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта дар рафти тафтишот иттиҳоми мақомотро пурра рад карда буд.

Ҷузъиёти дигаре аз мурофиа маълум нест. Бо баҳонаи муҳри махфӣ доштани парвандаҳо мақомот ва адвокатҳо бо расонаҳо суҳбат намекунанд.

Интизор меравад, мурофиаи навбатии чеҳраҳои шинохта 21-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор ва назари Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ ва Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар бораи иттиҳомоти нисбаташон шунида шавад.

Гуфта мешавад, боздошти ин чеҳраҳои шинохта пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумон аз рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ оғоз ёфт.

Боздоштшудаҳо бар асоси бандҳои 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ), 306 (талош барои ғасби қудрат), 247 (қаллобӣ) ва 305 (хиёнат ба давлат) гумонбар мебошанд ва тибқи ин бандҳо ба гумонбарон аз 10-20 сол зиндон то ҳукми абади зиндон бо мусодираи амвол таҳдид мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.