Зеленский Путинро ба мулоқоти рӯбарӯ даъват кард

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина ба ҳамтои русаш Владимир Путин пешниҳод кардааст, ки барои баррасии роҳҳои поён додани ҷанг мулоқоти мустақим баргузор кунанд.

Зеленский рӯзи 4-уми июн дар як номаи кушода гуфт, Украина омода аст барои фароҳам кардани шароити музокирот ба “оташбаси комил” розӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдом метавонад заминаи мусоид барои гуфтушуниди раҳбарони ду кишварро фароҳам кунад.

Раисиҷумҳури Украина пешниҳод кардааст, ки мулоқот дар як кишвари бетараф баргузор шавад. Ӯ ҳамчунин аз зарурати ҳалли масъалаҳои башардӯстона, аз ҷумла табодули асирони ҷангӣ ва бозгардонидани шаҳрвандони ғайринизомӣ ёдовар шудааст.

Зеленский дар номаи худ навиштааст, ки ҷанг талафоти зиёди инсонӣ ва иқтисодӣ ба бор овардааст ва вақти ҷустуҷӯи роҳи ҳалли дипломатии низоъ фаро расидааст.

Дар ҳамин ҳол, Кремл тасдиқ кардааст, ки номаи раисиҷумҳури Украина ба Владимир Путин расидааст. Аммо мақомоти Русия то ҳол дар бораи пешниҳоди мулоқоти рӯбарӯ ё оташбас мавқеи расмии худро эълон накардаанд.

Ин пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷанг миёни Русия ва Украина ҳамоно идома дошта, талошҳои пешина барои расидан ба созиши сулҳ натиҷаи назаррас надодаанд. Бо вуҷуди ин, бархе нозирон пешниҳоди нави Киевро як кӯшиши дигар барои оғоз кардани музокироти мустақим миёни роҳбарони ду кишвар арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти Идибеки “Бохтарӣ” ва Рустами “Кал”

Мақомоти Тоҷикистон ду блогери фаъол дар шабакаҳои иҷтиморо, ки миёни ҷомеа ҳамчун блогерони "ҳукуматӣ" шинохта шудаанд, боздошт кардааст.

Фавти ду ноболиғ дар пайи омадани сел дар вилояти Хатлон

Ду кӯдаки хурдсол дар натиҷаи боришоти рӯзҳои гузашта дар ноҳияи Шамсидин Шоҳин ҷони худро аз даст доданд ва як навҷавони 18-сола захмӣ шудааст.

Пас аз навори латтукӯб, масъалаи гирифтани кӯдак аз модар баррасӣ мешавад

Мақомоти корҳои дохилии Душанбе алайҳи як зани 24-сола бо гумони бераҳмона рафтор кардан бо фарзанди яксолаи худ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ифтитоҳи бонкҳои чинӣ дар Тоҷикистон: Пекин дар пайи чист?

Мақомоти Тоҷикистону Чин зимни нишасте масъалаи ифтитоҳи филиали бонкҳои бузурги чинӣ дар шаҳри Душанберо баррасӣ карданд.