26.9 C
Dushanbe

Журналисте, ки эътироз кард, дар боздошт аст ё озодӣ?

Сурат: навори видеоии Фейсбук

Абдусатор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷике, ки се рӯз пеш тариқи наворе аз шеваи кори ҳукуматдорон шикоят кард, ба иттилои чанд манбаъ боздошт ва бозпурсӣ шудааст. То кунун ду манбаи мухталиф дар суҳбат бо “Аздо ТВ” аз боздошт ва бозпрусии ӯ хабар доданд.

Ахиран як манбаи мӯътамад дар суҳбати телефонӣ гуфт, Абдусаторро 3 рӯз боз ниҳодоҳои қудратӣ (КДАМ ва ВКД) мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Ба гуфтаи манбаи мо, шоми 18 ноябр кормандони амниятӣ ӯро ба хонааш оварда пас аз кофтукоби хона ӯро дигарбора бо худ бурдаанд. Аммо ба иттилои манбаъи дигар дар атрофи хонаи ин сокини деҳаи Ваҳдатободи ш.Ваҳдат рӯзноманигорон ҳузур доранд, вале бо тавсияи мақомот Пирмуҳаммадзода аз додани ҳаргуна изҳори назар ба хабарнигорон худорӣ мекунад.

Ин манбаъ афзуд, ки Абдусатор Пирмуҳаммадзодаро дар ҳузури хабарнигорон ба суд барои экспертиза бурда аз ташхиси тиббӣ гузарониданд ва гуфтанд, ки ӯ солим аст ва шиканҷа нашудаву дар озодӣ қарор дорад.

Радиои Озодӣ бозпурсӣ шудани Пирмуҳаммадзаро аз тарафи мақомот таъйид мекунад. Аммо мақомот дар ин бора то ҳол чизе нагуфтаанд. Навори эътирозии ин рӯзноманигор дар чанд рӯзи ахир яке аз сербинандатарин наворҳо дар шабкаҳои иҷтимоӣ байни тоҷикистониён буд. Бисёриҳо сабаби онро дар гуфтани мушкилоти мардум медонанд, ки на ҳама ҷуръати гуфтани онро доранд.

Пас аз нашри ин навор бисёриҳо аз тақдири ин рӯзноманигор хавотир шуданд. Чун дар Тоҷикистон ингуна интиқоду эътроз ва гӯяндагонашон аз тарафи мақомот шадидан саркӯб ва ҳатто зиндони мешаванд.

Пештар дар ноҳияи Хуросон дар пайи як эътироз дасти кам даҳ нафарро мақомот боздошт карда буд.

Эътирози сокинони ноҳияи Хуросон рӯзи 17-уми май баъд аз харобкориҳои сел дар ин ноҳия сурат гирифт. Мардуми зарадида аз офати табиӣ барои чанд соат шоҳроҳи Бохтар-Душанберо бастанд то мушкилашонро ба мақомот расонанд.

Пештар аз ин чанд нафар шаҳрвандон, ки бар зидди ширкати “Фароз” барои надодани маош даст ба эътироз зада буданд, низ боздошт шуданд.

Дар Тоҷикистон ягона гӯруҳе, ки гирдиҳамоӣ ташкил мекунаду боздошт намешавад, гурӯҳи “Авангард” аст. Ин гурӯҳ, ки ҷое расман сабтином нашудааст, чанд дафъа дар назди сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва назди хонаи фаъолони мухолифон гирдиҳамоӣ ва шиорпартоӣ карданд.  

Рӯзноманигори тоҷик Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, пештар дар Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик кор карда, пас аз ронда шудан аз ҷои кораш ба мусофиркашонӣ машғул буд. Чанд рӯз пеш ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ аз набуди ҷои кор, шароити пасти зиндагӣ ва болои ин ҳама фишору ҷаримабандиҳои кормандони БДА дар роҳҳо шикоят кард.

Пирмуҳаммадзода, ки зиндагиашро аз ҳисоби мусофиркашонӣ мегузаронд, ба гуфтаи худаш кормандони БДА давоми як моҳ ду бор 580 сомонӣ барои мусофиркашонияш ҷаримааш бастанд. Ӯ дар муроҷиати видеоии худ ба Эмомалӣ Раҳмон, Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ хитоб намуда, мегӯяд, ки агар мардумро ба ҷои кор таъмин карда наметавонед, пас бигузоред ҳадди ақал худашон ризқашонро пайдо кунанд, нони меёфтаашонро аз даҳонашон кашида нагиред.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.