25.9 C
Dushanbe

1 миллион ваксинаи “Moderna” ба Тоҷикистон оварда шуд

Шоми 17-уми январи соли ҷорӣ дар доираи механизми глобалии “COVAX” ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион воксинаи амрикоии “Модерна” ворид карда шуд.

Дар маҷмӯъ Тоҷикистон дар доираи ин механизм ва аз дигар манбаъҳо зиёда аз 9 миллион воксинаҳои зидди коронавирус дарёфт кардааст.

Шаҳрвандони кишвар метавонанд бо Sputnik V, AstraZeneca, CoronaVac, Moderna ва Pfizer эм карда шаванд.

Мувофики маълумоти ахири Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар кишвар 68,6 дарсади аҳолии калонсол вояи якуми воксин ва 57 дарсад вояи дуюмро гирифтаанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон дар бораи дубора воксингирии зидди COVID-19 дар байни аҳолӣ хабар дода буд.

Дар навбати аввал пизишкон, баъдан омӯзгорон, хизматчиёни давлатӣ ва табақаҳои осебпазир вояи сеюми ваксинаро мегиранд.

Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон 17095 нафар ба COVID 19 гирифтор шуда, 124 нафар аз ин вирус фавтидаанд.

Коршиносон ба омори расмии мақомот бо шубҳа нигариста, шумораи беморон ва фавтидагонро бештар медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорати маориф: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.