12 сол зиндони як зодаи Тоҷикистон дар Русия

Додгоҳи низомии Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қасди таркондани бинои Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Расонаҳои русӣ аз ин зодаи Тоҷикистон Мероб Ҳаитов ном бурда, ӯ ва 6 нафари дигарро ба узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва қасди таркондани бинои ФСБ дар Лубянкаи Москва гумонбар медонанд.

Як намояндаи Додгоҳи Маскав ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки парвандаи ҷиноятии Ҳаитов Мероб Қиёмидинович дар мурофиаи бози додгоҳӣ баррасӣ гардида, ӯ ба гуноҳаш пурра иқрор шудааст ва нисбати 6 нафари дигар судшаванда нишондод додааст.

Додгоҳ бо назардошти маҷмуи ҷиноятҳои содиршуда ва ҳамкории ин зодаи Тоҷикистон бо тафтишот, ӯро ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум кардааст, ки 3 соли онро бояд дар зиндон ва 9 соли дигарро дар колонияи ислоҳии низомаш шадид сипарӣ кунад.

Инчунин додрас ҳамчун ҷазои иловагӣ ба Ҳаитов 500 ҳазор рубл ҷарима таъйин кардааст. Маҳз дар ҳамин қисмат вакили маҳкумшуда аз ҳукми додгоҳ шикоят бурдааст.

Гуфта мешавад, мурофиаи додгоҳии шаш гумонбари дигар рӯзи 23 октябр шуруъ шуд ва баррасии парвандаи онҳо ба охир нарасидааст. Дар курсии айбдорӣ панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамагӣ аз 19 то 25 сол доранд ва ҳамчунин як зодаи ҷумҳурии Доғистон нишастаанд. Ба ин нафарон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бино ба фарзияи тафтишот, “аз моҳи март то апрели соли 2022 айбдоршавандагон шуъбаи созмони террористии дар Русия мамнуи ДОИШ-ро ташкил карда, ба ҳамдигар байъат кардаанд ва баъди худро дар маркази майдони Лубянка таркондани шаҳидашон бояд ҳамчун талаби асосӣ хуруҷи нирӯҳои Русия аз Сурияро матраҳ мекарданд”.

Назари худи гумонбарон дастраси расонаҳо нест, аммо ба иддаои тафтишот, онҳо дар Маскав дар сохтмонҳо ё ҳамчун пайкбар (курйер) кор мекарданд ва гӯё яке аз онҳо, ки ҳамагӣ 23 сол дорад, розӣ шудааст, ки нақши ҳамлагари маргталабро иҷро карда, худро дар дохили бинои ФСБ дар маркази Маскав битарконад.

Вакилони дифоъ ин парвандаро сиёсишуда номида, гуфтаанд, ки дар асл нафарони зери ҳимояти онҳо қурбони амалҳои таҳрикомези кормандони ФСБ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни тафтишот 5 тан аз айбдоршавандагон гуноҳи худро пурра ё қисман эътироф карда, танҳо якеаш гуфтааст, ки худро гунаҳкор намешуморад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шумори қурбониёни ҷанги Ғазза баъд аз эълони оташбас аз 1300 кас гузашт

Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард, ки дар 24 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои Исроил 7 кас кушта шуда ва 30 захмии дигар ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.

Раҳмон дар паради низомӣ аз афсарону сарбозон чӣ хост?

Дар майдони "Истиқлол"-и пойтахт рӯзи 7-уми сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон паради низомӣ баргузор гардид.

Аврупо мехоҳад муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кишварҳои сеюм ихроҷ кунад

Баъзе кишварҳои аврупоӣ талош доранд, то охири соли ҷорӣ бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси марказҳои бозгардонии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба созиш бирасанд.

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?