12 соли зиндон барои кадом гуноҳ? Интиқоми мақомот аз мухолифи тоҷик

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Аслиддин Шарипов, бародари мухолифи тоҷик, Шавкати Муҳммадро барои 12 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар ин бора имрӯз, 29-уми июл Радиои Озодӣ аз манобеи худ хабар дод. Ин расона навишта, ки муҳокимаҳои додгоҳии Шарипов дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд доир шуда, моҳи марти соли ҷорӣ ҳукми ӯ содир шуда буд. Вале то кунун ҳатто наздиконаш дар ин бора хабар надоштаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Аслиддин Шариповро дар “Ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва таблиғи онҳо дар интернет” айбдор карданд.

Ба қавли яке аз дӯстони Аслиддин, ки нахоста номаш фош шавад, ӯ ҳоло аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд ба яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2022 Аслиддин Шарипови 37-сола бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт гардид ва моҳи октябри соли 2023 ба Тоҷикистон истирдод шуд. Гуфта мешавад, Аслиддин Шарипов аз соли 2021 аз ҷониби Тоҷикистон дар пайгард қарор доштааст.

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри 2023 ба мақомоти Русия тавсия карда буд, ки Аслиддин Шариповро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Аммо Додситонии кулли Русия ин тавсияи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро ба инобат нагирфт ва бо судури қароре ӯро дар торихи 1-уми октябри соли 2023 ба мақомоти Тоҷикистон таслим кард.

Аслиддин Шарипов, бародари мухолифи фаъоли тоҷик Шавкати Муҳаммад, ровии чанде аз барномаҳои телевизионии Паймони миллии Тоҷикистон аст, ки барномаҳои ӯ бо гузоришҳои интиқодӣ дар бораи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва пӯшиши буҳрони ҳуқуқи башар дар ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфанд.

Шавкати Муҳммад пештар гуфта буд, ки ҳадафи аслии боздошту ҳабси бародараш маҳз барои хомӯш кардани ӯ мебошад.

Ӯ 10-уми октябри соли 2023 бо нашри номаи саргушодае ба Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар саҳифаи фейсбукияш навишт, ки Додситонии вилояти Суғди Тоҷикистон бародараш Шарипов Аслиддинро бо терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам карда, алайҳи ӯ бо қисми 2 модаи 307.3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда, аз моҳи декабри соли 2021 дар пайгард қарор дода буданд.

Шавкати Муҳаммад дар номаи худ айбҳои алайҳи бародараш эълоншударо рад карда, навишта буд, ки узвият дар “Гурҳи 24”, ҲНИТ ва нашри матолиби дорои хусусияти террористӣ дар саҳифаи шахсияш дар Фейсбук туҳмат аст.

Аммо мақомот то ҳол ба таври расмӣ сабаби боздошту зиндонӣ кардани Аслиддин Шариповро шарҳ намедиҳанд ва ҳамчунин ба номаву дархостҳои Шавкати Муҳаммад низ посух надоданд ва ҳамзамон ҳеч дархости созмонҳои ҳуқуқи башарро низ ба инобат нагирафтанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.