16.9 C
Dushanbe

15 медали муштзанони тоҷик

Муштзанони тоҷик дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон дар Дубайи АМА 15 медал – як нуқра ва 14 биринҷӣ ба даст оварданд.

Сурат: olympic.tj

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни ҷавононон 6 муштзани тоҷик-Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51кг), Искандарбек Рустамов (-54кг), Абубакр Муродов (-57кг), Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Сироҷид -67 ) ва Дурандеш Зубайдов (-80кг) барандаи медали биринҷӣ шуда, бо мукофоти пулии 1,5 ҳазор доллар сарфароз гаштанд.

Дар қувваозмоӣ байни наврасон Руслан Ғафуров дар вазни то 50 кг барандаи медали нуқра шуд ва 2 ҳазор доллар ҷоизаи пулӣ гирифт.

Дар ин синну сол 8 муштзан аз Тоҷикистон-Анушервон Файзов (-46кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷабборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг) ) Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд ва ҳар кадом 1000 долларӣ гирифтанд.

Шумораи иштирокчиён миёни ҷавонон 141 нафарро ташкил дод. Дар ин чемпионат дар умум 293 варзишгар, аз ҷумла 84 духтар ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон, ки аз 20 то 30 август дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 15 давлат аз ҷумла дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 21 нафар ширкат кард. Тоҷикистон дар радабандаи ин мусобиқа ҷойи 6-умро ишғол намуда, Узбекистон сазовори ҷойи аввал шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.