Сисолагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон сиюмин солгарди таъсиси Қувваҳҳои мусаллаҳ таҷлил гардид, вале имрӯз – 23-уми феврал, ба солгарди таъсис ҳеч рабте надорд.

Имрӯз, 23-уми феврали соли 2023 ба муносибати сиюмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кохи Борбад дар шаҳри Душанбе ҷаласаи тантанавие бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, “зарурати ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шӯрои Олии кишвар «Дар бораи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардида буд.”

Бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаҳои солҳои аввали касби истиқлол дар Тоҷикистон имкони таъсиси артиши миллӣ пайдо нашуд ва сипас “18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид.”

Президенти Тоҷикистон таъкид мекунад: “Дар навбати аввал, 23-юми июни соли 1993 Қӯшунҳои хушкигард, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва нерӯи сершумортарину пешбарандаи амалиёти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шуданд.”

Гуфта мешавад, санаи 23-юми февал солрӯзи таъсиси Артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ таъсис дода буд. Артиши Сурхи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар заминаи Артиши Сурхи Коргару Деҳқони Русия ба вуҷуд омад ва аз соли 1922 ба ин сӯ ҳамасола дар ин кишвар таҷлил карда мешавад.

23-уми феврал ба солрӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳеч рабте надорад. Тоҷикистон ва бархе кишварҳои ҳамсоя низ “кӯр-кӯрона” дар пайравӣ аз Кремлин, ки ҳамасола солрӯзи таъсиси Артиши Сурхи Русияро бо тантана ҷашн мегирад, рӯзи 23-юми февралро ҳамчун солрӯзи таъсиси Қувваҳои Муссалаҳи худ таҷлил мекунанд.

Амруллоҳи Низом

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шаш қурбонӣ дар таркиши нуқтаи фурӯши газ дар Узбекистон

Бар асари таркиш дар як нуқтаи фурӯши гази моеъ дар ноҳияи Қаршии вилояти Қашқадарёи Узбекистон 6 нафар ҷон бохта, 5 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Шикояти сокинон аз сифати гӯшт ва рафтори баъзе гӯштфурӯшон

Бархе аз сокинон дар шаҳри Душанбе аз сифати гӯшти ба фурӯш гузошташуда ва муносибати баъзе гӯштфурӯшон изҳори норозигӣ мекунанд.

Суқути як чархболи амрикоӣ дар тангаи Ҳурмуз

Як чархболи навъи "Апачи"-и артиши Амрико рӯзи душанбе дар тангаи Ҳурмуз сарнагун шуд.

Русия қоидаҳои муоинаи тиббии муҳоҷиронро сахттар кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ кард, ки муҳлати гузаштани муоинаи ҳатмии тиббиро барои муҳоҷирон пас аз ворид шудан ба хоки ин кишвар кам мекунад.