Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш як сокини 26-солаи ноҳияро бо гумони қаллобӣ боздошт карданд. Мақомот аз ӯ Маҳмадшарифзода Б. ном бурдааст.
Ба гуфтаи мақомот, ӯ як сокини 32-солаи ҳамин ноҳияро бо номи Каримов Қ. фиреб дода, 50 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Гумонбар ваъда додааст, ки дар як моҳ ӯро ба кори муайяне дар ноҳия мегузорад. Вале корро анҷом надода, пулро барои худаш харҷ кардааст.
Мақомоти ноҳия мегӯянд, Маҳмадшарифзода баъдан бо роҳи фиреб аз Каримов боз 305 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки панҷ дона техникаи кишоварзиро аз як ширкати беларусӣ расмӣ карда ба ӯ медиҳад. Ин ваъда низ иҷро нашудааст. Ба иттилои манбаъ, аз ин пул 244 ҳазор сомонӣ ба соҳибаш баргардонда шудааст, вале як қисми он ҳоло ҳам барнагашта мондааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Маҳмадшарифзода тибқи қисми 3-юми моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. То эълони ҳукми додгоҳ ӯ гунаҳкор дониста намешавад. Аммо моддае, ки бар зидди ӯ эълон шудааст, барои қаллобӣ аст ва ҷазои ҷарима ва ё зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари худи боздоштшуда ва ё наздиконаш то ҳол дастрас нест.
Ба назари коршиносон, ин бори аввал нест, ки мақомот аз қаллобӣ дар ҳаҷми калон хабар медиҳанд. Яъне, ҳамин ки гумонбар дигареро бо ваъдаи таъмини ҷои кор ё мансабе ваъда дода, пулашро гирифтааст, худаш исботи он аст, ки дар Тоҷикистон мансабҳо новобаста аз сатҳашон харидорӣ мешаванд. Як мақомдор барои вазифа гирифтан бояд маблағ пардохт кунад. Ва ин аст, ки ришва ва фасод то рафт решадортар мешавад ва аз байн бурданаш амри маҳол мегардад.
