Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд.
Сокинони чанд минтақаи шаҳри Душанбе ба Azda.tv аз он шикоят карданд, ки вақтҳои охир қатъшавии оби нӯшокӣ дар пойтахт бештар шудааст. Ба гуфтаи онҳо, дар баъзе ҳолатҳо об бидуни огоҳии пешакӣ қатъ мешавад ва танҳо баъд аз муроҷиати сокинон ва он ҳам дар баъзе ҳолат мақомот сабаби қатъшавиро шарҳ медиҳанд.
Аз ҷумла, пас аз шикояти сокинон ва қатъ шудани об рӯзи 6-уми октябри соли ҷорӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези шаҳри Душанбе” хабар дод, ки интиқоли оби нӯшокӣ бо сабаби лойолуд шудани оби дарёи Варзоб дар пайи боришоти зиёди борон дар чанд минтақаи пойтахт муваққатан маҳдуд шудааст.
Корхона гуфтааст, ки маҳдудият ба хотири таъмини бехатарӣ ва сифати оби нӯшокӣ ҷорӣ шуда, интиқоли об то ба эътидол омадани вазъ ва соф шудани об дар манбаи обгирӣ маҳдуд боқӣ хоҳад монд. Аммо дар эълон вақти дақиқи барқарор шудани об гуфта нашудааст.
Тибқи маълумоти “Обу корези шаҳри Душанбе”, маҳдудият дар бахшҳое аз ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ ҷорӣ шудааст.
Пештар 2-уми октябр низ корхона дар бораи маҳдуд шудани интиқоли об дар ҳамин минтақаҳо хабар дода буд. Сабаб он вақт низ лойолуд шудани дарёи Варзоб дар пайи боришоти зиёд гуфта шуда буд.
Аммо сокиноне, ки бо Azda.tv суҳбат карданд, мегӯянд, ки қатъшавии об дар рӯзҳои охир бештар шуда, танҳо ба мавридҳои расман эълоншуда маҳдуд намешавад ва дар аксар ҳолат об бидуни огоҳии пешакӣ қатъ мешавад.
Қатъшавии об махсусан барои сокинони биноҳои баландошёна ва оилаҳои серфарзанд мушкилоти зиёд ба бор овардааст. Сокинони биноҳои баландошёна мегӯянд, ки ҳатто баъд аз барқарор шудани интиқоли об, фишори он паст мемонад ва ба манзилҳои ошёнаҳои боло об намерасад.
Ҳамчунин яке аз сокинони пойтахт шикоят кард, ки “Субҳ бояд кӯдаконро ба мактаб омода кунем, хӯрок тайёр кунем ва худ ба кор равем. Вақте об нест, ҳамаи ин хеле душвор мешавад”.
Худи сокинон мегӯянд, ки мушкил танҳо дар қатъ шудани об нест, балки дар сари вақт огоҳ накардани аҳолӣ низ ҳаст. Ба гуфтаи онҳо, агар дар бораи маҳдуд шудани интиқоли об ва маҳулати маҳдудият пешакӣ хабар дода шавад, мардум имконият пайдо мекунанд, ки барои нӯшидан, омода кардани ғизо ва дигар корҳои рӯзмарра ба қадри зарурӣ об захира кунанд.
Ба масъалаи огоҳии саривақтии сокинон журналист Азиз Нақибзод низ таваҷҷуҳ карда, дар як навишта дар Facebook аз тарзи огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи қатъшавии об интиқод кардааст.
“Гоҳ бидуни эълон обро қатъ мекунед, гоҳ пас аз қатъ кардани об хабар медиҳед”, — навиштааст Нақибзод.
Ӯ ҳамчунин суол кардааст, ки оё баъд аз ҳар бориши шадид сокинони пойтахт бояд бо чунин маҳдудият рӯбарӯ шаванд.
Дар ҳамин ҳол, сокинон мегӯянд, ки солҳои охир мушкили маҳдуд шудани нерӯи барқ барои бисёре аз хонаводаҳо як масъалаи ҷиддӣ буд ва акнун нигаронии онҳо аз қатъшавии об низ бештар шудааст. Баъзе сокинон ин вазъро ба пайдо шудани як навъ “лимити об” монанд мекунанд.
Бо вуҷуди ин, дар эълонҳои расмии “Обу корези шаҳри Душанбе” то ҳол дар бораи ҷорӣ шудани лимити доимии об сухан гуфта нашуда, қатъшавии рӯзҳои охирро ба ҳолати оби дарёи Варзоб ва зарурати таъмини сифати оби нӯшокӣ рабт додаанд.
