Кумакхоҳии Шамсиддин Саидов аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар

Шамсиддин Саидов, узви аршади ҲНИТ аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хостааст, ки барои дарёфти маълумот дар бораи писараш ба ӯ кумак кунанд.

Ирмӯз, 28-уми феврали соли 2023, Шамсиддин Саидов, яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон хостааст, ки барои дарёфти маълумоти дақиқ дар бораи писараш Абдуллоҳи Шамсиддин ба вай кумак кунанд.

Падари Абдуллоҳи Шамсиддин мегӯяд, “вазири корҳои дохилӣ ва прокурори генералӣ аз макони буду боши ӯ, аслан аз (вуҷуд доштани) Абдуллоҳ эълони бехабарӣ намуданд ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам муҳри сукут бар даҳон задааст.“

Ин фаъоли сиёсии Тоҷикистон мегӯяд, умедҳо дар бораи зиндаву саломат будани Абдуллоҳи Шамсиддин хеле кам шудааст “ва бо расидани баъзе хабарҳои ахир, ки эҳтимолан зери фишорҳо саломатиашро комилан аз даст додааст ё ҳатто зинда набуданаш моро фаро мегирад.“

Ин узви арашди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо таъкид мегӯяд: “Аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҳуқуқи башарӣ, сафоратҳое, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, хоҳиш мекунм, ки барои пайдо кардани фарзанди ман Абдуллоҳи Шамсиддин дар Тоҷикистон кумак намоянд.”

Гуфта мешавад, мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро аз тариқи Туркия бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон ихроҷ карданд ва дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мақомот ӯро боздошт ва ба ҷои номаълум бурданд ва то кунун дар бораи ӯ ҳеч иттилое надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.