Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.
Расонаи русии “НацАкцент” рӯзи 29-уми октябр хабар дод, ки квота бо дастури Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, тасдиқ ва миёни минтақаҳои кишвар тақсим шудааст. Санад рӯзи 7-уми октябр ба имзо расидааст. Ба ҷуз квотаи асосӣ, ҳукумат 900 иҷозаи дигарро ҳамчун захира пешбинӣ кардааст.
Бештарин квота ба шаҳри Маскав ва вилояти Маскав расидааст — мутаносибан 500 ва 250 иҷоза. Барои Санкт-Петербург 50 ва вилояти Ленинград 25 иҷоза ҷудо шудааст, ки дар ҳар ду минтақа нисбат ба соли ҷорӣ ду баробар камтар аст.
Иҷозаи иқомати муваққатӣ, ки дар Русия бо ихтисораи РВП маъруф аст, барои се сол дода мешавад. Дорандаи он метавонад дар минтақае, ки иҷозаро гирифтааст, бе патент кор кунад. Квота ба шаҳрвандони хориҷии кишварҳои гуногун дахл дорад; барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин санад ҳиссаи алоҳида муайян нашудааст.
Квотаи иқомати муваққатӣ дар Русия чанд сол боз коҳиш меёбад. Соли 2024 он 10 ҳазору 595, соли 2025 — 5500 ва соли 2026 — 3802 иҷозаро ташкил медод. Бо тасмими нав ҳаҷми квота нисбат ба соли 2024 беш аз се баробар кам шудааст. Дар баробари ин, қонун барои баъзе гурӯҳҳои хориҷиён гирифтани РВП-ро берун аз квота низ иҷозат медиҳад.
