Мақомоти Тоҷикистон хабарҳо дар бораи захмӣ шудани коргарон дар нерӯгоҳи “Роғун”-ро рад карда, сабаби ҳодисаро канда шудани ҳавзи оби техникӣ номиданд.
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ рӯзи 28-уми октябр дар посухи хаттӣ ба Азия-Плюс гуфт, ҳодиса 21-уми октябр, тақрибан соати 16:15, ҳангоми сементрезӣ дар шохаи “Б”-и нақби сохтмонии қабати чоруми нерӯгоҳ рух додааст.
Ба шарҳи ин ниҳод, канда шудани ҳавзи болоии ҷамъоварии об боиси осеб дидани ҳавзи поёнӣ шуда, оби ҳар ду ба маҳалли кори кормандони ширкати зерпудратчии “Сино Гидро” сарозер шудааст. Мақомот мегӯянд, коргарон осеби ҷисмонӣ набардоштаанд ва пас аз гирифтани ёрии аввалияи тиббӣ ба кор баргаштаанд.
Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ бо такя ба шоҳидони ҳодиса аз захмӣ шудани беш аз панҷ коргар хабар дода буд. Дар наворе, ки ин расона рӯзи 27-уми октябр дастрас кардааст, обу хоку сангреза аз нақб ба поён мерезад ва чанд нафар зери он мемонанд. Манбаъҳои расона, ки ба далели амниятӣ номашон нашр нашудааст, санаи ҳодисаро 22-уми октябр гуфтаанд.
Яке аз кормандони нерӯгоҳ ба Озодӣ гуфтааст, ки ҳангоми кандани қисми кӯҳӣ дар назди нақб хоку санг ҷамъ шуда, баъдан зери таъсири об ба поён рехтааст.
Ба иттилои расонаҳо, барои омӯзиши сабабҳои ҳодиса гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Ин гурӯҳи корӣ ҳолати ҳавзҳои об, устувории маҳкамкуниҳо ва риояи талаботи бехатариро месанҷад.
Бехатарии коргарон дар “Роғун” қаблан низ мавриди баҳс буд. Ба гузориши Озодӣ, мақомот дар соли 2025 аз ҳашт ҳодисаи нохуш дар сохтмони нерӯгоҳ хабар дода, шумораи ҳалокшудагону осебдидагон мушаххас нест.
