Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад. Ин дар ҳолест, ки пеш аз нашри посухи ҳукумати Олмон расонаҳо аз маҳкум шудани Бобоев ба 17 соли зиндон хабар дода буданд.
Посухи Вазорати корҳои дохилии Олмон ба дархости вакилони фраксияи Ҳизби чап (Die Linke) 21-уми октябри соли 2026 ба Бундестаг ирсол шуда, санад рӯзи 22-юми октябр сабт шудааст ва хулосаи онро Хадамоти матбуотии Бундестаг рӯзи 27-уми октябр нашр кардааст.
Вакилони Ҳизби чап аз ҳукумати Олмон хоста буданд, ки дар бораи сарнавишти Асадулло Бобоев, сабабҳои боздошти ӯ пас аз истирдод ба Тоҷикистон ва чораҳои андешидаи мақомоти Олмон маълумот диҳад.
Аммо дар посухи расмӣ ҳукумати Олмон гуфтааст, ки дар бораи сабабҳои боздошти эҳтимолии Бобоев дар Тоҷикистон маълумоте надорад ва ба иддаои ҳукумат, маълум нест, ки оё алайҳи ӯ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ё на.
Ҳамзамон, дар санад омадааст, ки сафорати Олмон дар Душанбе тавассути роҳҳои маъмулии дипломатӣ бо мақомоти Тоҷикистон мунтазам дар тамос аст. Аммо ҳукумат натиҷаи мушаххаси ин тамосҳоро дар робита ба қазияи Бобоев шарҳ надодааст.
Вакилони олмонӣ ҳамчунин пурсида буданд, ки оё Берлин барои озод кардани Бобоев аз мақомоти Тоҷикистон талош мекунад? Ҳукумат дар посух ба ин пурсиш ҳам таъкид кардааст, ки аз боздошти ӯ дар Тоҷикистон маълумоте надорад.
Дар мавриди он ки оё мақомоти Тоҷикистон пеш аз истирдоди Бобоев ба Олмон кафолат дода буданд, ки ӯ пас аз боҳгашт боздошт намешавад, ҳукумат посухи мустақим надода, гуфтааст, ки одатан дар бораи парвандаҳои алоҳида изҳори назар намекунад.
Дархости вакилон дар бораи телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоти электронии Бобоев низ дар санад зикр шудааст. Ҳукумати Олмон гуфтааст, ки чунин таҷҳизотро маъмулан ба мақомоти кишвари қабулкунанда намесупоранд, аммо мушаххас накардааст, ки ин таҷҳизот куҷоянд.
Дар посух ба вакилон ҳукумати Олмон ҳамчунин гуфтааст, ки Идораи федералии муҳоҷират ва паноҳандагон (BAMF) вазъи кишварҳои аслии паноҳҷӯёнро пайваста таҳлил мекунад. Ба гуфтаи ҳукумат, маълумоти марбут ба вазъи Тоҷикистон дар ин ниҳод охирин бор моҳи июли соли 2026 пурра бозбинӣ шудааст. Аммо дар санад шарҳ дода нашудааст, ки оё қазияи Бобоев ба ин бозбинӣ таъсир расондааст ё на.
Огоҳӣ надоштани ҳукумати Олмон дар ҳолест, ки ҳанӯз 19-уми октябр расонаҳо дар бораи ба 17 соли зиндон маҳкум шудани Асадулло Бобоев хабар дода буданд ва тибқи ин гузоришҳо, ҳукми додгоҳ ҳанӯз 21-уми сентябри соли 2026 содир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Асадулло Бобоеви 54-сола, ки аз соли 2017 ҳамроҳи оилааш дар Олмон зиндагӣ мекард ва узви ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” буд. 20-уми июни соли 2026 ҳамроҳи писараш Муҳаммад аз Олмон ба Душанбе истирдод шуд. Ба иттилои Human Rights Watch, пас аз расидан ба Душанбе Бобоев боздошт гардид, дар ҳоле ки писарашро ба наздиконашон супурданд. Ҳамсар ва ду духтари ӯ дар Олмон монданд.
Ба иттилои Human Rights Watch, Бобоев бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла бо иттиҳоми марбут ба ифротгароӣ тавассути интернет, гунаҳкор дониста шудааст. Мақомоти Тоҷикистон то кунун ҷузъиёти парванда ва нусхаи ҳукми додгоҳро ба таври оммавӣ нашр накардаанд.
Пеш аз ихроҷ Бобоев ба расонаҳо гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон бар зидди ӯ ба далели навиштаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар онҳо мақомоти кишварро танқид мекард, парвандаи марбут ба ифротгароӣ боз кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, додгоҳи Олмон ба ӯ то 1-уми июл муҳлат дода буд, то мавҷудияти чунин парвандаро тасдиқ кунад, аммо ӯ пеш аз анҷоми ин муҳлат аз кишвар ихроҷ шуд.
Дар бахши дигари посухи ҳукумати Олмон маълумоти оморӣ дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва уҳдадории тарки Олмонро доранд, оварда шудааст.
Тибқи маълумоти Феҳристи марказии шаҳрвандони хориҷӣ, то 31-уми августи соли 2026 дар Олмон 12 ҳазору 891 шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Аз ин шумора 1074 нафар уҳдадоранд кишварро тарк кунанд.
Аз миёни онҳо 922 нафар мақоми Duldung доранд. Ин мақом маънои онро дорад, ки уҳдадории тарки кишвар боқӣ мемонад, аммо иҷрои ихроҷ муваққатан боздошта шудааст. 152 нафари дигар чунин иҷозати муваққатӣ надоранд.
Ҳамчунин, тибқи маълумоти ҳукумати Олмон, аз моҳи январ то августи соли 2026 аз ин кишвар ба Тоҷикистон 27 нафар ихроҷ шудаанд. Дар миёни онҳо ду зан ва як ноболиғ низ будаанд.
Аз моҳи октябри соли 2024 то замони таҳияи посухи ҳукумат, намояндагони Тоҷикистон дар Олмон барои муайян кардани шаҳрвандии 120 нафар мусоҳиба анҷом додаанд. Шаҳрвандии Тоҷикистон барои 104 нафари онҳо тасдиқ шудааст. Барои 28 нафар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи шиноснома, ки барои анҷоми ихроҷ заруранд, дода шудаанд.
Ин созмон мегӯяд, ки Бобоев аввалин фаъоли мухолифи тоҷик нест, ки аз Олмон истирдод шуда, баъдан дар Тоҷикистон зиндонӣ шудааст. Аз соли 2023 ба ин сӯ, се фаъоли дигари мухолиф, аз ҷумла Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашев низ пас аз истирдод шуданашон аз Олмон ба Тоҷикистон боздошт ва ба 7, 10 ва 8 соли зиндон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи HRW, айбҳои пешниҳодшуда алайҳи онҳо нишонаҳои парвандаҳои сохтаро доранд.
Ҳукумати Олмон дар посухи худ эътироф кардааст, ки дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои озодиҳои сиёсӣ вуҷуд доранд. Ҳамзамон, дар санад гуфта мешавад, ки шароити нигоҳдории маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон тайи солҳои охир беҳтар шудааст. Аммо барои ин арзёбӣ дар посухи ҳукумат омори мушаххас ё далелҳои иловагӣ пешниҳод нашудааст.
