Намояндаи ИМА аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон гуфту Тоҷикистонро фаромӯш кард

Рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон вазирони корҳои хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон бо ҳам мулоқот карданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Блинкен зимни мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин таъкид бар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятии ду кишвар кард.

Инчунин Вазири корҳои хориҷаи Амрико дар дидор бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар масоили Афғонистон суҳбат карда, бавежа дар бораи эҳтиром ба ҳуқуқи занон ва духтарон дар Афғонистон такид кард.

Дар баёнияи расммии Вазорати корҳои хориҷаи Амрико таъкид мешавад, ки дар ин мулоқот Блинкен такид бар ҳимояти Амрико аз тамомияти арзӣ, ҳокимияти сиёсӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон кардааст.

Ба гуфтаи коршиносон, Энтони Блинкен бо Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи ҳуқуқи занони Афғонистон дар ҳоле изҳори нигаронӣ карда, ки дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар аз Афғонистон бадтар аст. Аммо дар ин гуфтугӯ Блинкен дар бораи озодии расонаҳо, рӯзноманигорони зиндонӣ, маҳдуд кардани озодиҳои сиёсӣ, саркӯби мардуми Бадахшон ва ақалияти мазҳабӣ, озодиҳои динӣ ва нақзи арзишҳои демократӣ дар Тоҷикистон ишорае накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.

Иқтисод рушд мекунад, вале қарзҳо ҳам зиёд мешаванд. Чаро?

Президент мегӯяд, иқтисод 7,8% рушд кардааст, вале намояндагони ҳукумат дар Лондон барои ҷалби сармоя бо бонкҳо ва муассисаҳои молӣ гуфтушунид доранд.

Бо дахолати Амрико Лукашенко 25 маҳбуси сиёсиро озод кард

Пас аз муокирот бо намояндаи вежаи Амрико, мақомоти Беларус 17-уми сентябр 25 маҳбуси сиёсиро аз зиндон озод карданд.

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.