Нахустин нишасти ҳамсояҳои Афғонистон дар Тошканд

Имрӯз, 7-уми марти соли 2023 дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд нишасти кишварҳиои ҳамсоя бо Афғонистон баргузор шуд.

Дар нишасти имрӯзаи Тошканд намояндагони кишварҳои Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Покистон, Эрон, Чин бо шумули Русия ширкат варзиданд.

Вазорати корҳои хориҷаи Узбекистон рӯзи душанбе, 6-уми март бо нашри баёнияе эълом кард, ки дар ин нахустин нишасти вежаи намояндагони кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон вазъи кунунии он, “масоили ҳамкории мутақобилаи ҷонибҳо барои танзими авзоъ дар ин кишвар, истиқрори сулҳу субот ва ҳамчунин масоили кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон баррасӣ мешавад.”

Аммо дар ин нишаст ҳеч намояндае аз ҳукумати Толибон даъват нашудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Толибон қаблан аз кишварҳое, ки беҳузури намояндаи Толибон дар умури Афғонистон нишастҳо мегузаронанд, шикоят карда буд.

Мақомоти Толибон мегӯянд, дар чунин нишастҳо ҳузури намояндаи онҳо ҳастмист, то мавқеи Афғонистони кунунӣ низ шунида шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Лаҳистон: Ӯро то 28 соли зиндон таҳдид мекунад

Додситонии шаҳри Жешуви Лаҳистон алайҳи як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, онро ба додгоҳ ирсол кардааст.

Музокироти ғайримустақими Эрону Амрико ба марҳилаи ниҳоӣ мерасад

Музокироти ғайримустақими Эрону Амрико, ки пас аз даргирии ҷонибҳо дигарбора оғоз шудааст, ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад.

Дар Русия муҳоҷирон маҷбуранд дар барномаи “Амина” худро сабтином кунанд

Русия истифодаи замимаи мобилии "Амина"-ро барои доираи бештари шаҳрвандони хориҷӣ ҳатмӣ мекунад.

Шикояти як зан аз бадрафторӣ ва латукӯб дар маркази визадиҳии Туркия

Як зани тоҷик иддао мекунад, дар маркази визадиҳии Туркия дар Душанбе аз ҷониби чанд корманди он мавриди бадрафторӣ ва латукӯб қарор гирифтааст.