19.9 C
Dushanbe

Нишасти якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба Афғонистон

Гурӯҳи кории муштараки фиристодаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон оид ба Афғонистон нахустин ҷаласаи кории худро баргузор кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки 7-уми марти соли 2023 ҷаласаи якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба Афғонистон дар доираи Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” дар шаҳри Деҳлии Нав баргузор шуд.

Ба қавли манбаъ, дар кори ин нишаст “роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор/фиристодагони махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” ширкат ва суханронӣ карданд.

Дар ин ҷаласа “ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва гуманитарии вазъи кунунӣ дар Афғонистон, хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз ҳудуди ин кишвар бармеоянд, инчунин роҳу усулҳои муқовимат ба чолишҳои минтақавӣ табодули назар намуданд.”

Гуфта мешавад, дар кори ин нишаст “намояндагони Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ низ роҷеъ ба фаъолияти хеш дар Афғонистон дар самти рафъи оқибатҳои буҳрони гуманитарӣ ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот манзур карданд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аврупо барои бозгардондани муҳоҷирони афғон бо Толибон гуфтушунид мекунад?

Иттиҳоди Аврупо талош дорад бо ҳукумати Толибон барои ихроҷи муҳоҷирони афғон ба Афғонистон музокирот кунад.

Яккатозии Jura-таксӣ дар Хуҷанд: Нархҳои гарон ва инҳисори шадид

Сокинони шаҳри Хуҷанд аз гарон шудани нархи роҳкиро дар таксиҳои ширкати "Jura" шикоят мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҳар рӯз ду нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд

Дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар рӯз тақрибан ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд.

Арабистони Саудӣ ва Русия низоми сафари бидуни раводидро роҳандозӣ карданд

Аз 11-уми майи соли 2026 байни Арабистони Саудӣ ва Русия низоми сафари дуҷонибаи бидуни раводид расман мавриди амал қарор гирифт.