Сафари Раҳмон ба Ню-Йорк

Раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 20-уми марти соли 2023 бо як сафари корӣ озими Ню-Йорк шуд.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо ҳадафи иштирок дар Конфронси бахшида ба оби Созмони Милали Муттаҳид, ки қарор аст аз 22-ум то 24-уми март баргузор шавад, озими Ню-Йорки Амрико шуд.

Гуфта мешавад, кишвари Ҳоланд ин конфронси байналмилалиро бо ҳамраисии Тоҷикистон баргузор мекунад ва интизор меравад, рӯзи 21-уми март пеш аз оғози кори конфронс Подшоҳи кишвари Ҳоланд Виллем Александр бо Эмоалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот дошта бошанд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президент дар масъалаҳои робити хориҷӣ, кадрҳо, вазири энергетика ва захираҳои об, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бино ба хабарҳои тасдиқнашуда, интизор меравад Эмомалӣ Раҳмон баъд аз поёни сафари худ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, рӯзҳои 25-26-уми март ба Олмон рафта ва сипас вориди Лондон мешавад. Инчунин рӯзҳои 27-28 марти соли ҷорӣ дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ низ ширкат мекунад.

Дар ҳамин ҳол як гурӯҳ аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик бе овардани ному насабашон аз Созмони Милали Муттаҳид хостаанд, ки дар нишасти бахшида ба об дар Ню-Йорк вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нодида нагиранд.

Пештар аз ин эътилофи нерӯҳои мухолифини тоҷик дар хориҷ аз кишвар – Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо нашри изҳороте аз бархе кишварҳои аврупоӣ ва Амрико ба унвони кишварҳои демократӣ ба хотири даъват ва истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи диктатор изҳори нигаронӣ кардааст.

Инчунин рӯзи 20-уми март ПМТ бо навиштани номаи алоҳида ба Подшоҳи кишвари Ҳоланд Виллем Александр гуфтааст,  ки “Эмомалӣ Раҳмон, ки бо саркӯбҳои бераҳмона алайҳи рақибони сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла алайҳи ҲНИТ дар соли 2015, мардуми Бадахшон дар соли 2022 ва 6 хабарнигор дар соли 2022 маъруф аст, тамоми озодиҳои шаҳрвандонро шадидан маҳдуд кардааст”.
Дар номаи ПМТ гуфта шудаааст, ки кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Ҳолланд, хатари диктатураи Лукашенко дар Беларусро дарк карда, ӯро таҳрим карданд, аммо на танҳо диктатори Тоҷикистонро таҳрим накардаанд, балки аз ӯ истиқбол доранд. “Бояд ёдовар шуд, ки хатари Раҳмон барои ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон аз хатари Лукашенко камтар нест”, омадааст дар номаи ПМТ ба Шоҳи Ҳоланд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.