Шикояти Пирмуҳаммадзода аз шароити бади зиндони Хуҷанд

Рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар мулоқот бо пайвандонаш аз шароити бади маҳбаси шаҳри Хуҷанд шикоят карда, хостааст, ки ӯро ба ҷойи дигар бибаранд.

Мулоқоти ин зиндонии сиёсӣ бо пайвандонаш рӯзи 17-уми март дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд, ки ӯро аввали ҳамин моҳ ба онҷо интиқол дода буданд, сурат гирифтааст.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода дар суҳбат ба Радиои Озолӣ гуфтааст, ки ба сабаби вазъияти бади зиндон бемории менингит (варами майнаи сар)-и бародараш Абдусаттор Пирмуҳаммадзода хуруҷ карда, лоғар шудааст.

Ин рӯзноманигори зиндонӣ ба пайвандонаш гуфтааст, ки дар як утоқи зиндон тақрибан 60 маҳбусро нигоҳ медоранд ва обе, ки барои маҳбусҳо меоранд, қобили истифода нест.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода мегӯяд, ки баъд аз мулоқоти наздикон бо бародараш дар зиндон ба сардори Сарраёсати зиндонҳои Вазорати адлия, Мансур Умаров нома навишта, хостааст, ки ӯро ба маҳбасҳои наздик ба Душанбе биоранд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки аз шароити тоқатфарсои зиндонҳои кишвар ва азобу шиканҷа дар он маҳбусон шикоят мекунанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама мушкилот мақомоти зиндонҳо дар пайи ислоҳи он нестанд.

Аз ин пештар, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи октябри соли гузашта аз дохили зиндон бо навиштани номае гуфта буд, ки зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба дӯш гирифтааст.

Ӯ дар ин номаи худ, ки дастӣ навишта шудааст, гуфта буд: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам.”

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, аз ҷумлаи рӯзноманигоронест, ки пас аз саркӯби хабарнигорон дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот боздошт ва бо иттиҳомоти сохта (ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ) барои 7 сол равонаи зиндон гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз нафт то иттиҳоди форсизабонон: Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Эрон дар бораи имзои як созишномаи дарозмуддат барои таъмини маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.

Содир Ҷабборов мехост курсии президентиро ба Тошиев вогузорад, аммо…

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфта, ки омода буд дар интихоботи президентии соли 2027 номзад нашавад ва аз номзадии "дӯсташ" Қамчибек Тошиев ҳимоят кунад.