22.9 C
Dushanbe

Кушта шудани як тоҷикистонӣ дар Афғонистон

Мақомоти Толибон дар Афғонистон мегӯянд, ки нерӯҳои онҳо дар вилояти Балх як зодаи Тоҷикистонро ҳамроҳ бо ду шаҳрванди Афғонистон ба қатл расониданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Толибон эълон кардаанд, ки як зодаи Тоҷикистон, ки бо номи “устод Салмон тоҷикистонӣ”, ки дар байни аъзои шохаи Хуросони ДИИШ маъруф буд, 26-уми марти соли 2023 зимни як амалиёти вежа дар Балх кушта шудааст.

Ба қавли мақомоти Толибон, дар ин амалиёте, ки дар Балх анҷом шуд, ду узви аршади ДИИШ бо номҳои мавлавӣ Зиёулҳақ, собиқ волӣ ва фарди шумораи дуввуми ин гурӯҳ ва инчунин Абуумар Афридӣ, узви Шӯрои шохаи Хурсон ҳам кушта шудаанд. Мавлавӣ Зиёулҳақ пеш аз Шиҳоб ал-Муҳоҷир волии ДИИШ дар Афғонистон буд.

Аммо бархе расонаҳо ин хабари Толибонро зери суол бурда, гуфтаанд, ки хабари марги мавлавӣ Зиёулҳақ, ки пеш аз Шиҳоб ал-Муҳоҷир волии ДИИШ дар Афғонистон буд, соли 2021 низ мақомоти Иморати исломӣ дар Афғонистон расонаӣ карда буданд.

Гуфта мешавад, мақомоти Толибон гуфтаанд, ки Салмони тоҷикистонӣ, яке аз раҳбарони бахши омӯзишҳои низомӣ дар шохаи Хуросони ДИИШ буд. Ӯ яке аз мутахассиони ДИИШ буда, ки ба дигар аъзои ин гурӯҳ омӯзишҳои низомӣ ва бахусус сохти маводҳои таркандаро омӯзиш медодааст.

Инчунин мақомоти Тоҷикистон то замони таҳияи ин хабар дар бораи кушта шудани Салмон тоҷикистонӣ (эҳтимол ин номи мустаъор аст) дар вилояти Балхи Афғонистон ҳеч вокунише аз худ нишон надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро пас аз 90 сол ба Душанбе оварданд

Хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскави Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Кушта ва захмӣ шудани чанд нафар дар пайи ҳамла ба масҷиде дар Амрико

Дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба як масҷид дар шаҳри Сан-Диегои иёлати Калифорнияи Амрико се нафар кушта шуданд.

Сулҳ ё ҳамла? Трамп боз аз пешрафти музокирот бо Эрон хабар дод

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз таъхири ҳамлаи тарҳрезишуда ва "таҳаввули бисёр мусбат" аз раванди музокирот бо Эрон хабар дод.

Ба муҳоҷирони дорои доғи судӣ шаҳрвандии Русия дода намешавад

Дар Русия қоидаҳои гирифтани иқома ва шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон боз ҳам сахттар мешаванд.