Зарарҳои зилзила дар Тоҷикистон мушаххаст шуд

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зарарҳои расида аз заминларзи рӯзи 23-уми мартро эълон кард. Яке аз сабаби аслии вайрон шудани хонаҳо надоштани таҳкурсӣ гуфта мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми марти соли ҷорӣ дар истинодан ба хулосаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд иттилоъ дод, ки “зиминларзаи рӯзи 23 марти соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 ҳолати зарар ба хонаҳои истиқоматии деҳаҳои Палдорак, Ярм Пакшифи Деҳмонара, Дашти миёна, Роғ, Самҷон, Пакшифи ҷамоати деҳоти Лангар ба қайд гирифта шуд.”

Мақомти КҲФ мегӯянд, ки дар деҳаҳои номбурдаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бар асари заминларза биноҳои ёрирасони хоҷагиҳо вайрон гардида, дар натиҷа чорвоҳои хурду калон, аз ҷумла “18 сар чорвои калон ва 27 сар моли майда” талаф ёфтааст.

Тибқи иттилои Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд 165 хона дар деҳаи Палдорак зарар дидаанд. Аз ҷумла, дар ин русто 4 хона пурра хароб шуда, 37 хона қисман зарар дидаанд ва ба 124 хона осеби сабук расидааст.

Шумори деҳаҳои зарардида дар деҳаи Ярм 23 адад буда, 7 хона қисман ва 16 хона зарари сабук дидаанд. Ҳамчунин дар 6 деҳаи дигари ин ноҳия дар умум 86 хонаи дигар осебҳои сабук дидаанд.

Комиссияи КҲФ мегӯяд, дар ноҳияи Рашт бар асари ин заминларза дар 7 деҳаи ин ноҳияи кӯҳистонӣ 32 хона зарари сабук дидаанд. Аммо дар ноҳияи Нуробод бошад, ба 17 хона зарарҳои сабук ворид шудааст. Ва хушбахтона, талафоти ҷонии одамон ба қайд гирифта нашудааст.

Комиссияи ҳолатҳои фақулода дар хулосаи худ сабаби аслии тахриб шудани хонаҳои сокинон ва иншооти ёрирасонро дар “риоя нагардидани меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, бетаҳкурсӣ бунёд гардидани хонаҳо, пешбинӣ нашудани чораҳои зидди зилзилавӣ ва истифодабарии тулонии онҳо” овардааст.

Нашри омори хисороти ворида аз зилзилаи рӯзи 23-уми март дар ҳолест, ки аз ин ҳодиса аллакай 5 рӯз гузашта ва мақомоти КҲФ мегӯянд, ҳанӯз ҳисобот идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.