400 миллион евро барои Месси

Дастаи Ал-Ҳилоли Арабистони Саудӣ барои ҷалби футболбози шинохтаи дунё Лионел Месси омодааст, ки солона 400 миллион евро харҷ кунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, раҳбарони дастаи Ал-Ҳилоли Арабистони Саудӣ ба Лионел Месси, ситораи футболи аргентинӣ, солона 400 миллион евро пешниҳод кардаанд, то ба ин даста бипайвандад.

Ба қавли расонаҳо, Ал-Ҳилол гуфтааст, ки ин 400 миллион евро бидуни пардохтҳои андозҳо ва дигар намуди молиёт ҳисоб карда шудааст. Маблағе, ки дар таърихи футболи дунё то ҳол ба ҳеч яке аз бозингарон пешниҳод нашудааст.

Пеш аз ин дастаи Ан-Насари Арабистони Саудӣ бо имзои қарордоде ба маблағи 200 миллион евро дар сол футболбози партугалӣ Криштиану Роналдуро ҷалб карда буд.

Гуфта мешавад, дар сурати қабули ин пешниҳоди дастаи Ал-Ҳилол, Лионел Месси нахустин футболбозе дар дунё хоҳад буд, ки танҳо аз имзои як қарордоди варзишӣ даромади рӯзонааш наздик ба 1 миллону 100 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Лионел Мессии 35-сола, ки 30-уми июни соли ҷорӣ шартномааш бо Пари Сен-Жермен (ПСЖ)-и Фаронса ба анҷом мерасад, то ҳол ба сурати расмӣ дар бораи ин пешниҳоди торихӣ ва пайвастан ба ин дастаи Арабистони Саудиро шарҳ надодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.

Иқтисод рушд мекунад, вале қарзҳо ҳам зиёд мешаванд. Чаро?

Президент мегӯяд, иқтисод 7,8% рушд кардааст, вале намояндагони ҳукумат дар Лондон барои ҷалби сармоя бо бонкҳо ва муассисаҳои молӣ гуфтушунид доранд.

Бо дахолати Амрико Лукашенко 25 маҳбуси сиёсиро озод кард

Пас аз муокирот бо намояндаи вежаи Амрико, мақомоти Беларус 17-уми сентябр 25 маҳбуси сиёсиро аз зиндон озод карданд.

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.