8.9 C
Dushanbe

Посухи Толибон пас аз нооромиҳои марзӣ дар Тоҷикистон

Пас аз нооромиҳои ахири марзӣ дар Тоҷикистон ҳукумати сарпарасти Толибон гуфт, ба ҳеч ваҷҳ кишвараш ба ҳеч гурӯҳе иҷозат намедиҳад, ки аз хоки Афғонистон зидди кишварҳои ҳамсоя истифода кунад.

Ин изҳороти Толибон дар пайи нигаронии кишварҳои узви ШОНГҲОЙ, ба вежа Русия дар бораи ҳузури бархе гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонитсн ва эҳсоси таҳдид ба амнияти тамоми кишварҳои ҳамсоя нашр шуд.

Дар изҳороти Толибон таъкид мешавад, ки ҳукумати сарпараст талош мекунад пеши роҳи ҳар гуна таҳдид ба ҳамсояҳо ва минтақаро аз хоки кишвараш бигирад, вале ҳамзамон аз кишварҳои дигар хостааст, ки онҳо ҳам талош кунанд пеши роҳи он шаҳрвандонашонро, ки “дар талоши дохил шудан ба Афғонистон ба хотири фаъолиятҳои тахрибӣ ҳастанд” бигиранд.

“Бо таассуф бояд бигӯем, чанд рӯйдоди ноамни ахир дар Афғонистон аз сӯи шуморе аз атбои кишварҳои минтақа анҷом шудааст, биноан, иҷоб мекунад то ҳукуматҳои мутаззаккира масъулиятҳои хешро дар ин хусус адо намоянд.”, омадааст дар изҳороти Толибон.

Изҳороти Толибон дар мавриди адами таҳдид аз хоки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтаи гузашта пайҳам ду ҳамла аз хоки ин кишвар ба марзи Тоҷикистон гузориш шуд, ки яке аз ҷониби ҷамоати Язгулом ва дигари дар шаҳри Хоруғи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тошиев: Аломатгузорӣ дар марз бо Тоҷикистон қариб ба охир мерасад

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, раванди аломатгузорӣ байни нуқтаҳои муайяншудаи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон қариб ба поён расидааст.

Зоҳидро баъд аз бахшидан дар Тоҷикистон зиндонаш карданд

Як сокини ноҳияи Ванҷро баъд аз пурсиши афв ва баргаштан ба Тоҷикистон боздошту зиндонӣ карданд.

Боздошти марде бо иттиҳоми фаъолият дар интернет бо ному чеҳраи занона

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар дода, ки ӯ дар либоси занона дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳтаво нашр мекардааст.

Гирифтани шиносномаи Русия миёни зодагони Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ поин рафтааст

Дар соли 2025 ҳамагӣ 71 зодаи кишварҳои хориҷӣ соҳиби шиносномаи Русия шудаанд.