Дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд се ҷавонро маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Дар ин бора як манбаи маҳаллӣ ба Azda.tv хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, ба падари яке аз ин ҷавонон кормандони амният аввал занг зада, гуфтаанд, ки писарашро, ки донишҷӯ аст ба идораи ин ниҳод биёрад. Падар писарашро ҳамроҳӣ карда, ба идораи амният рафтааст. Аммо, ба гуфтаи манбаъ, дар он ҷо ба дасти ҷавон завлона зада, ӯро ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд. Рӯзи дақиқи ин ҳодиса маълум нест.
Ҳолати дуюм ба ҷавоне дахл дорад, ки моҳи апрели соли 2026 бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтааст. Он замон ҷавон оиладор ва соҳиби як фарзанд буда, ҳоло фарзанди дуюми ӯ низ ба дунё омадааст, аммо, ба гуфтаи манбаъ, то ҳол замини ваъдашуда ба ӯ дода нашудааст ва ҷавон ҳоло ҳам бо вуҷуди соҳиби ду фарзанд будан, дар хидмати ҳарбӣ қарор дорад.
Ҳолати сеюм ба ҷавоне дахл дорад, ки маъюбии гурӯҳи дуюм дорад. Гуфта мешавад, ки барои ӯро ба хидмат набурдан кормандони мақомот аз падараш 40 ҳазор сомонӣ гирифтаанд. Аммо дертар боз ба манзили оила ворид шуда, ба дасти ҷавон завлона задаанд ва ӯро ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Рӯзи дақиқи ин ҳодисаро низ манбаъ мушаххас нагуфт.
Маълум нест, ки наздикони ин ҷавонон дар робита ба ҳодисаҳои мазкур ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардаанд ё на. Ҳамчунин, то замони омода шудани ин хабар мавқеи расмии мақомоти масъул дар бораи ин ҳолатҳо дастрас нест.
Бояд гуфт, ному насаби ҷавононе, ки тибқи иттилои манбаъ маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ бурда шудаанд, дар ихтиёри Azda.tv қарор дорад. Аммо ба хотири ҳифзи амнияти онҳо ва манбаи хабар, ному насаби ҷавонон нашр намешавад.
Ин ҳолатҳо дар ҳоле гузориш мешаванд, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон идома дорад. Маъракаи имсола 1-уми октябри соли 2026 оғоз шуда, то охири моҳи ноябр идома мекунад. Тибқи фармони президенти Тоҷикистон, ба хидмати ҳарбӣ мардони солҳои таваллудашон 1999–2008 даъват мешаванд.
Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар рӯзи аввали маърака нақшаи умумии даъват дар кишвар 55 дарсад иҷро шуда, то 12-уми октябр ин нишондиҳанда ба 84 дарсад расидааст. Ҳамчунин, он замон беш аз 40 шаҳру ноҳияи кишвар аз иҷрои пурраи нақшаи даъват хабар дода буданд.
Мақомоти кишвар пурра иҷро шудани нақшаро дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар рӯзҳои аввал ба зиёд шудани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва ба корҳои фаҳмондадиҳии комиссияҳои даъватӣ рабт медиҳанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ, мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш бо роҳҳои гуногун ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб шудааст эълон кунанд, ки нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳар мавсим даҳҳо наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мегардад ва дида мешавад, ки кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ҳамроҳи мақомоти амният ва интизомӣ ба хонаҳои мардум зада медароянд ва ё дар кӯчаҳо ба зӯр аз дасту бозуи ҷавонон дошта, онҳоро кашон-кашон ба мошинҳои худ савор мекунанд. Чунин рафтори ғайриқонунии мақомоти дахлдор ҳамасола мавриди интиқоди шадиди ҷомеа қарор мегирад, вале давоми беш аз 30 сол аст ҳеч ниҳоде наметавонад пеши роҳи чунин рафтори авбошонаи масъулини низомӣ ва амниятиро бигирад.
Солҳои охир мақомот дар баробари сарбозшикор аз роҳҳои дигар низ истифода мебаранд, аз ҷумла барқро дар баъзе деҳаҳо пурра қатъ мекунанд ва бар ивази додани барқ сарбоз ё пул талаб мекунанд ё ҳуҷҷати ронандагӣ бар ивази хидмат медиҳанд ва ё наздикони сарбозонро асир мегиранду латтукӯб мекунанд.
Ба назари таҳлилгарон, яке аз сабабҳои гурезон шудани ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ин бадрафторӣ бо сарбозон ва ҳатто кушта шудани ҷавонон бар асари латтукӯб дар қимсҳои низомии кишвар мебошад.
Ва чанд соли охир масъулони Вазорати мудофиаи кишвар ғайричашмдошт вуҷуди мушкилотро дар ин соҳа эътироф карда, аз зердастони худ хоста буданд, ки зимни даъвати ҷавонон ба артиш даст ба қонуншиканӣ назананд.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки то дар низоми Вазорати дифоъ тағйироти куллӣ сурат нагирад, бо дастуру супоришҳо ин мушкилот бартараф нахоҳанд шуд.
