Дар нимсолаи аввали соли 2026 тақрибан 494,5 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи кор вориди Русия шудаанд.
Хабаргузории ТАСС рӯзи 26-уми октябр бо истинод ба маводи дар ихтиёраш қарордошта хабар дод, ки нишондиҳандаи Тоҷикистон 494 ҳазору 518 буда, пас аз Узбекистон дар ҷойи дуюм қарор гирифтааст.
Дар ин давра нишондиҳандаи Узбекистон беш аз 1 миллиону 178 ҳазор, Қирғизистон 289 ҳазор, Қазоқистон 122,6 ҳазор ва Чин 89,6 ҳазор будааст. Ба кишварҳои даҳгона инчунин Арманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Туркманистон ва Туркия шомил шудаанд.
ТАСС ёдовар шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон ва Озарбойҷон барои кор дар Русия бояд патент гиранд. Шаҳрвандони Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон аз гирифтани он озоданд.
Ба назари коршиносон, бо вуҷуди дар ҷои дуюм қарор гирифтани Тоҷикистон дар ин омор, вуруди тоҷикистониён ба Русия солҳои ахир коҳиш ёфтааст. ТАСС қаблан, рӯзи 16-уми август, бо истинод ба омори марзбонии Русия, ки “Ведомости” онро нашр карда буд, навишт, ки вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бо ҳадафи кор нисбат ба нимсолаи аввали соли 2025 қариб 18 дарсад кам шудааст.
Аммо гуфта мешавад, ин оморҳо онҳоеро дар бар мегиранд, ки танҳо бо ҳадафи корӣ вориди Русия шудаанд, вале омори онҳое, ки бо ҳадафи тиҷорат, таҳсил ва ғайра вориди Русия гаштаанд, ҷудогона аст.
