Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо ҷурми азхудкунии наздики 400 ҳазор сомонии пули мардум муттаҳам мешавад.
Тавре дар хабари ВКД омадааст, ин сокини 32-солаи пойтахт, ки аз ӯ ном бурда намешавад, пештар бо моддаи 247 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “қаллобӣ ба миқдори калон” зиндонӣ шудааст.
“Номбурда, моҳи феврали соли 2021, дар назди беморхонаи Қарияи Боло бо роҳи фиреб ба боварии марди 56 ва бародараш, марди 53-солаи сокинони ноҳияи Восеъ, даромада аз онҳо 238 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба онҳо 6,5-сотих замини назди ҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо номбурда маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.”, мегӯяд ВКД.
Гуфта мешавад, ҳамзамон ин марди 32-солаи пойтахт як нафари дигарро низ фиреб дода, аз ӯ 136 ҳазор сомонӣ бо ваъдаи додани мошини “Лексус РХ-350” гирифта, дигар барнагардондааст.
Ҳамчунин Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, ки як зани 40-солаи сокини шаҳри Бустони Вилояти Суғд аз ду нафар беш аз 400 ҳазор сомониро бо роҳи фиреб аз худ кардааст.
Номбурдааз дигарӣ 285 ҳазор сомонӣ ва аз нафари сеюм 120 ҳазор сомонӣ гирифта, дигар барнагардонидааст.
“Номбурда, моҳи августи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 285 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол мадлағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.”, омадааст дар хабари ВКД.
Тибқи ин хабар, маҷмуи маблағҳои аз мардум бо роҳи фиреб гирифтаи ин сокини шаҳри Бустон 405 ҳазор сомниро ташкил додааст.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ин зани гумонбарро боздошт карда, алайҳи ӯ бо моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Гуфта мешавад, нисбати ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.