25.9 C
Dushanbe

Нархи интернет дар Тоҷикистон боз боло меравад?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”-ро дар таҳрири нав таҳия намуд, ки тибқи он андози аксизии хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет боло бурда мешавад. 

Лоиҳаи қонуни мазкур бо супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Озода Раҳмон таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шудааст.

Ба гуфтаи таҳиягарони таҳрири нави лоиҳаи қонун, он ба хотири “таъмини амнияти иттилоотӣ, рақобати озод ва рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳои нав, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ ва мусоидат намудан ба таъмини як қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳо” омода шудааст.

Asia-Plus дар истинод ба манбаъҳои наздик ба бозори алоқа хабар медиҳад, ки пас аз қабули лоиҳаи қонун боло бурдани меъёрҳои андози аксизӣ ба хидматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (интернет-провайдерон) аз 7%-и ҳозира то ба 10% ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳукумати кишвар аз соли 2010 ба хидматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ ва интернет-провайдерон дар сатҳи 3% андози аксизӣ ҷорӣ намуда буд. Соли 2014 он то 5% ва дар аввали соли 2020 пас аз мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз то 7% боло рафт.

Ба гуфтаи коршиносон, пас аз қабули тарҳи нави ин қонун ва боло рафтани андози аксизӣ нархи бе ин ҳам гарони алоқа, аз ҷумла интернет дар кишвар боз ҳам гаронтар мешавад.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, шумораи корбарони интернет дар кишвар 4,5 миллион нафарро ташкил дода ва он дар ҳоли афзоиш аст.

Сокинон ва меҳмонони кишвар ҳамеша аз суръати пасти интернет ва нархи баланди он шикоят мекунанд. Аммо Хадамоти алоқа бо раҳбарии Бек Сабур, қудои раисҷумури кишвар, ки бозори интернетро пурра дар даст дорад, то танқиди Эмомалӣ Раҳмон сифати пасту нархи баланди интернетро эътироф намекарданд. 

Чанде пеш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз суръати пасти интернет ва нархи баланди он интиқод карда, аз Хадамоти алоқа талаб карда буд, ки минтақаҳо ва махсусан ноҳияҳои дурдастро бо интернети суръаташ баланд таъмин кунанд ва нархи онро поин баранд. Аммо то ҳол ин талаби раисҷумҳур иҷро нашудааст ва ҳамоно корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гаронӣ ва суръати пасти интернет шикоят доранд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.