Дуздии беш аз ним миллони як “усто” аз чанд мактаб

Як сохтмончии калони ширкати “Имдоди Ғайрат” ҳангоми сохтмони мактабҳои миёна аз 5 мактаб зиёда аз 600 ҳазор сомониро бардурӯғ азонихуд кардааст.

Тавре Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 22-уми майи соли ҷорӣ хабар дод, ин “усто”-и калони ширкати мазкур бо номи Асилов Беҳруз Рустамович ҳангоми фаъолияти корияш дар корҳои сохтмонӣ “дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №57, №78, №126, №128 ва №129-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи сохтакорӣ маблағи умумии 616218 сомониро барзиёд ҳисоб карда, онро азонихуд намудааст.“

Гуфта мешавад, ҳоло Асилов боздошт шуда, алайҳи ӯ бо 4 модда (моддаҳои 245 қисми 3 банди “а”, 340 қисми 2 банди “а”, 260 қисми 1 ва 363)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот аллакай ба поён расида ва он ба додгоҳ фиристода шудааст.

Аксари моддаҳои зикршуда дар алоҳидагӣ аз ду то ҳашт соли зиндонро барои муттаҳмон пешбинт мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳодиса дар “Роғун”: шоҳидон аз захмӣ шудани коргарон мегӯянд, мақомот рад мекунанд

Мақомоти Тоҷикистон хабарҳо дар бораи захмӣ шудани коргарон дар нерӯгоҳи “Роғун”-ро рад карда, сабаби ҳодисаро канда шудани ҳавзи оби техникӣ номиданд.

Маҷбуран бурдани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Панҷакент

Дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд се ҷавонро маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Дар ин бора як манбаи маҳаллӣ ба Azda.tv хабар дод.

Дар шаш моҳ қариб ним миллион тоҷикистонӣ барои кор ба Русия рафтаанд 

Дар нимсолаи аввали соли 2026 тақрибан 494,5 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи кор вориди Русия шудаанд.

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.