14.9 C
Dushanbe

Таҷовузи ду ноболиғ дар Ишкошим

Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мӯхтори Куҳистони Бадахшон ду духтари ноболиғ таҷовуз шудаанд. Дар ин бора фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва устоди донишгоҳи “Сукуба”-и Япония Ғуломалиев Ширалӣ дар саҳфаи фейсбукиаш хабар додааст. 

Гуфта мешавад, духтарҳо талабаи синфи 5 ва 8 буда, ҷиноятро як ронандаи автомошини “Камаз”, сокини шаҳри Ваҳдат содир кардааст.

Дар вокуниш ба ин хабар Саъдоншоҳ Улфатӣ, сармуҳаррири рӯзномаи “Зиндагӣ” раддия навишта гуфта, ки ин ҳодиса “ҳақиқати воқеӣ надорад”. 

Саъдоншоҳ Улфатӣ менависад, ки аз замони воқеа “бо модари ҳарду духтар ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, кормандони ҳифзи сиҳати омма ва роҳбарияти Мақомоти Иҷрояи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим” қазияро пайгирӣ намудааст.

Ба иддаои сармуҳаррири рӯзномаи “Зиндагӣ” бо вуҷуди оне ки духтарони ноболиғ ба деҳаи худ не, балки ба деҳаи дигар рафтаанд, “аммо факти таҷовуз ба номуси духтаронро на маркази ташхиси Бемористони вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ ва на мақомоти ҳифзи ҳуқуқ исбот накарданд”.

Ғуломалиев Ширалӣ ба Саъдоншоҳ Улфатӣ суол додааст, ки “Чаро кӯдакон дар деҳаи худ неву қариб 70 км боло рафтаанд? Аз Авҷ то Яхшвол 5 км (агар иштибоҳ накунам) маркази Ишкошим 20км, Яхшвол байни Авҷу марказ аст, аз Авҷ то Шитхарв тақрибан 70-75 км. Пас чаро он камазист онҳоро дар деҳаашон нафароварда боло бурдаст ва он ҳам шабист!? Ва чаро ҳангоми бозгашт, ба деҳаашон неву 15 км боло фаровардаст?”. 

Дар идома ин фаъол мепурсад, ки “Онҳоро соати чанд ва кадом рӯз дар мошин шинондаанд ва соати чанд, кадом рӯз онҳоро дар деҳаи Рэн фаровардааст? Агар таҷовуз ҳам сурат нагирифта бошад, кӯдаки ноболиғро бе иҷозаи падару модар ба ягонҷо бурдан одамрабоӣ нест? Магар қонун инро иҷоза медиҳад?”

Саъдоншоҳ Улфатӣ дар посух ба ин суолҳо мегӯяд, ки “мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишотро идома медиҳанд ва дар асоси пешниҳоди ман ба Суд ман барои тадқиқоти пурраи воқеа ба ҳайси журналисӣ дохил мегардам. Он чиро, ки шумо нафуромадани духтарон на дар деҳаашон мепурсед, ҷавоби онро на ман, балки мақомоти тафтишотӣ ва баъди баромадани ҳукми суд муайян мегардад”.

Хабари таҷовузи ду духтари ноболиғ дар ноҳияи Ишкошим дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое зиёдеро ба бор оварда, корбаронро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст.  

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин ҳодисара шарҳ надодааст. 

Хонандагони гиромии Azda.tv, мо ин хабарро таҳқиқ дорем. Azda.tv барои такмили хабар аз сокинони ноҳияи Ишкошим даъват мекунд, агар маълумоте дошта бошед, метавонед ба рақами +48 571 60 8008 дар ватсап ва телеграмма онро ба мо фиристед!

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳудуди 1 милллион зиндонии сиёсӣ дар ҷаҳон

Даҳҳо созмони байналмилалии ҳуқуқи башар бо нашри баёнияи муштараке хостори озодии фаврии зиндониёни сиёсӣ дар саросари ҷаҳон шуданд.

Оё дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигар сарҳадбонон ҳузур нахоҳанд дошт?

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эҳтимол аст дар ояндаи наздик ниёз ба ҳузури доимии сарҳадбонон аз байн равад. 

Подшоҳи Британия шоҳзода Эндрюро аз ҳамаи унвонҳо маҳрум кард

Подшоҳи Британия, Чарлз III расман бародари хурдиаш, шоҳзода Эндрюро аз ҳамаи унвонҳо ва мақомҳои ифтихорӣ маҳрум кард.

Дар 9 моҳ беш аз 18 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кард

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 18 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон фаъолияти тиҷоратии худро расман қатъ карданд.