Тоҷикистон ва БАТР барои сармоягузорӣ то соли 2030 харитаи роҳ таҳия мекунанд

Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои ҳамкории сармоягузорӣ дар солҳои 2026–2030 ёддошти тафоҳум имзо карданд. Аммо ҳаҷми маблағгузории пешбинишуда дар ин санад эълон нашудааст.

Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, ёддошт 14-уми сентябр дар Лондон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии J.P. Morgan зимни мулоқоти вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо президенти БАТР Одил Рено-Бассо ба имзо расидааст.

Тибқи он, ҷонибҳо рушди энергетикаи барқароршаванда, коҳиши талафоти нерӯи барқ, обёрӣ, беҳтар кардани идоракунии иқтисодӣ ва фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ҷалби сармояи хусусӣ, рушди нақлиёт, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, рақамикунонӣ ва омодасозии лоиҳаҳои сармоягузориро баррасӣ хоҳанд кард.

БАТР соли 2025 стратегияи нави фаъолияти худ дар Тоҷикистонро то соли 2030 тасдиқ карда буд. Дар он аз ҷумла ба рушди бахши хусусӣ, беҳтар кардани идоракунии давлатӣ, энергетикаи устувор, нақлиёт ва инфрасохтор таъкид шудааст.

То 30-уми июни соли 2026 БАТР дар Тоҷикистон дар бахши инфрасохтори устувор 443 миллион евро, дар муассисаҳои молиявӣ 36 миллион евро ва дар бахшҳои кишоварзӣ, сановат ва хидматрасонӣ 15 миллион евро сармяогузорӣ кардааст.

Гуфта мешавад, соли 2025 БАТР тақрибан 103 миллион доллар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, 19 созишнома имзо кардааст. Қисми асосии ин маблағҳо ба инфрасохтор равона шудаанд.

Яке аз самтҳои калидии ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон энергетика мебошад. Аз ҷумла, БАТР барои навсозии низоми тақсимоти барқ дар Суғду Хатлон то 28 миллион евро қарз ва Иттиҳоди Аврупо 15 миллион евро грант пешбинӣ кардааст.

Бо вуҷуди ин, дар бораи ёддошти нав барои солҳои 2026–2030 ҳанӯз ҳаҷми умумии сармоягузории пешбинишуда ва рӯйхати лоиҳаҳои мушаххас эълон нашудааст. Эҳтимол тафсилоти ин санади мазкур ва миқдор маблағҳо баъдтар ифшо шавад.

Барои Душанбе масъалаи асосӣ акнун татбиқи лоиҳаҳои мушаххас ва ҷалби сармояи хусусӣ хоҳад буд, бахусус дар ҳолате ки қисми зиёди маблағгузории қаблии БАТР дар Тоҷикистон ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва бахши давлатӣ равона шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд шумори кӯдакони хориҷиро дар мактабу кӯдакистонҳо маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шумори кӯдакони хориҷӣ дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва коллеҷҳо аз 25 дарсади хонандагон зиёд набошад.

Раҳмон ба Сеул рафт: Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи Корея ба Осиёи Марказӣ чӣ ба даст меорад?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябр барои иштирок дар нахустин ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ба Сеул сафар кард.

Сарзаниши хонанда аз ҷониби омӯзгор баҳси наверо дар ҷомеа барангехт

Нашри навори сарзаниши як омӯзгор аз хонандаи синфи сеюм барои надоштани дафтар, вокунишҳои зиёдеро миёни корбарон ба вуҷуд овардааст.

Умар Кремлёв кист? Аз робита бо оилаи Трамп то ҳамкорӣ бо Душанбе

Номи Умар Кремлёв, раиси Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA), баъди нашри таҳқиқоти нашрияи амрикоии ProPublica дубора дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт.