24.9 C
Dushanbe

Ҷорӣ шудани “изи ангушт”-гузорӣ барои омӯзгорон дар ДДОТ

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷорӣ кардани “изи ангушт”-гузории омӯзгоронро шарҳ дод, вале ин амал ба вокунишҳои корбарон рӯбарӯ гардидааст.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз тариқи саҳфаи фейсбукиаш хабар дода, ки 12-уми июни соли ҷорӣ ректори ин донишгоҳ дар мулоқот бо устодон дар баробари баррасии як қатор масоили донишгоҳӣ низ “ҳолати батаъхир ба ҷойи кор ҳозиршавии омӯзгоронро мавриди баррасӣ қарор додааст.”

Ба қавли манбаъ: “Ректори донишгоҳ дар ҷаласа изҳор дошт, ки мо назорат тариқи гирифтани изи ангушти омӯзгоронро дар вақти корӣ танҳо ба хотири тарбияти дурусти донишҷӯён ва роҳ надодан ба дарсшиканиву беназорат гузоштани донишҷӯён ба роҳ мондем.”

Дар ин бора хабаргузори “Азия Плюс” ҳам як гузориши таҳия карда, дар он ҷорӣ шудани ин равандро барои омӯзгорон ба баҳс кашидааст.

Корбаре бо номи Дӯстмурод Ҳафиззода дар вокуниш ба ин раванд мегӯяд: “Барои омӯзгори мактаби олӣ ин амал комилан носозгор аст. Дар баробари тадрис омӯзгори мактаби олӣ вақти худро сарфи омӯзиш ва ҷамъоварии маводи илмиву таълимӣ ва методӣ мекунад. Аз ин рӯ вай бояд реҷаи озоди корӣ дошта бошад то дар вақти барояш муносиб ба китобхона равад, ё ба ин монанд. Ин тарзи муносибат омӯзгорро водор месозад, то тамоми рӯз дар донишгоҳ бошад ва вақти худро баъзан беҳуда гузаронад.”

Ҳамзамон як корбари дигар бо номи Зариф Ҳасанов таъкид карда, ки: Шахсияти устоди донишгоҳро шикасту ба хоки сияҳ баробар кардан. Ҳамчунин дар гӯши ҳар як муаллими донишгоҳ яктоӣ биркаи электронӣ бизанед, то ғуломи ҳалқабаргӯш шавад ва дар куҷо буданаш ҳам маълум шавад.

Аз сӯи дигар Шуҳрат Ҷураев корбари дигер дар шарҳи ин масъала гуфтааст: “Аҷаб замонае расидааст. Пеш ҳама аз рӯи виҷдону масъулиятшиносӣ ба кор ҳозир мешуданду имрӯз бошад таҳти назорати шадид, изи ангушт, таҷҳизоти сабткунанда. Ин худ нишондиҳандаи чӣ аст – бемасъулиятии донишҷӯёну омӯзгорон?” Вай дар идома меафзояд: “Дар даврони Шӯравӣ мо ҳамеша ба дарс 15 дақиқа пештар меомадем, омӯзгорон бошанд барвақттар. Имрӯз чӣ шудааст, ки ба чунин шева кор мегиранд?”

Гуфта мешавад, ин ҷаласаи назоратии ректори донишгоҳ бо ширкати муовинони ректор, деканон, мудирони кафедраҳо ва масъулини сохторҳои маъмурӣ баргузор гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Эмомалӣ бо фиристодаи вижаи Трамп

Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вежаи Президенти Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор мулоқот кард.

Боз як сарбози дигар дар Тоҷикистон “худкушӣ” кард

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод пас аз ҳашт моҳи хидмат дар артиш худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохта, худкушӣ кард.

Талафоти ҷонӣ дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Дар пайи садамаҳои нақлиётии ду рӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон ду зан ҷон бохта, чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Лоиҳаи CASA-1000 ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад?

Дар шаҳри Душанбе масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаи минтақавии энергетикии CASA-1000 ва омодагӣ ба оғози марҳилаи тиҷоратии он баррасӣ гардид.