Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон бо фишору таҳдид даҳҳо зиндониро маҷбур сохтаанд, ки алайҳи Бузургмеҳр Ёров аризаи даъвоӣ бинависанд.
Имрӯз, 21-уми июн Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки беш аз се рӯз мешавад, маълумоти дақиқе аз рафти мурофиаҳои бародараш, маҳбуси сиёсӣ ва адвокати шинохтаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров пайдо карда наметавонанд.
Мурофиаҳои додгоҳии маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров аз рӯзи 13-уми июн дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.
Парвандаро додраси шаҳри Ваҳдат баррасӣ дорад ва то ин муддат шоҳидон пурсида шудаанд.
Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, мақомот дар рӯзи дуюми мурофиаҳо, яъне 14-уми июн аз наздиконаш забонхат гирифтаанд ва таъкид кардаанд, ки мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров махфӣ аст ва ҳақ надоранд ҷузъиёти онро расонаӣ кунанд.
Аммо дар ин муддат дар фейсбук аз номи Давлатшоев Назаралӣ Раҳматшоевич, собиқ вакили дифои Бузургмеҳр Ёров матлабе нашр шуд, ки дар он ӯ аз ҷузъиёти парвандаи Ёров навишта, нафари зери ҳимояашро “қаллоб” меномад.
Раиси Бунёди “Бузургмеҳр” мегӯяд, ки собиқ вакили бародараш ба зангҳо ва навиштаҳои пайвандонаш ва худи ӯ ҷавоб намедиҳад. Ҷамшед Ёров бар ин бовар аст, ки ин матлабро Давлатшоев нанавиштааст.
Ба гуфтаи Ёров, чун худи мақомот аз ҷузъиёти тафтишот ва мурофиаҳо бар хилофи таъкидҳояшон, ки мурофиаҳо махфӣ аст, навишта истодоаанд, қасд дорад худаш фардо, 22-уми июн дар як барномаи онлайнӣ бо забони русӣ аз ҷузъиёти парвандаи бародараш бигӯяд.
Ин ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, ки ба дасти Бунёди “Бузургмеҳр” сабти садоии даъвогар Ҳасан Ҳасанов расидааст, ки ӯ мегӯяд: “Мақомот дар зиндон беш аз сад нафарро мавриди фишору шиканҷа қарор додаанд, ки зидди Бузургмеҳр Ёров ариза нависанд”.
Ҷамшед Ёров, ҳомии ҳуқуқ ва раиси Бунёди “Бузургмеҳр”
Гуфта мешавад, рӯзи 14-уми июн дар мурофиаи додгоҳӣ маҳбус Ҳасанов пойфишорӣ карда буд, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодиаш аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Адвокати шинохтаи тоҷик чунин муомила бо Ҳасан Ҳасановро рад карда, онро туҳмати навбатӣ номида буд.
Инчунин Ҷамшед Ёров мегӯяд, ки як нафари дигаре, ки низ зидди бародараш шоҳидӣ дода буд, дар суҳбате гуфтааст, Бузургмеҳр Ёров ва наздикону пайвандони ӯро намешиносаду ягон вақт ба онҳо маблағ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки 24-уми ноябри соли 2022 адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёров аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои 2 сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд.
Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (парвандаи чорум)-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм ва бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузарониданд. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз дохили зиндон иттиҳомоти нави мақомотро сохта номид.
Пайвандони Бузургмеҳр Ёров ин иттиҳоми нави мақомотро сиёсӣ номида, мегӯянд, ки ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмонов ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.
Ин адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва пайвандонаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.
То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарт аз зиндон раҳо кунанд, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.