Дар Озарбойҷон пас аз ҷорӣ шудани қоидаҳои нави либоси мактабӣ, масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ баҳсбарангез шудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн гардидаанд, ки дар онҳо дида мешавад бархе хонандагони ҳиҷобпӯшро ба мактаб роҳ намедиҳанд. Ба иттилои расонаҳо, ин ҳолат дар чанд муассисаи таълимӣ боиси эътироз ва бойкоти дарсҳо аз ҷониби қисми хонандагон шудааст.
Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, талаботи нави либоси мактабӣ барои риояи меъёрҳои ягона ва ҳифзи хусусияти дунявии низоми маориф қабул шудааст. Ҳарчанд дар санади расмӣ аз манъи ҳиҷоб мустақиман ёд нашудааст, бархе аз волидон ва фаъолони ҷомеа бар ин назаранд, ки татбиқи қоидаҳои нав ба маҳдуд шудани ҳузури хонандагони ҳиҷобпӯш дар мактабҳо оварда расондааст.
Аз сӯи дигар, мухолифони ин сиёсат мегӯянд, чунин маҳдудият метавонад ба ҳуқуқи шаҳрвандон барои озодии эътиқод ва дастрасӣ ба таҳсил таъсир расонад.
Масъалаи маҳдудияти пӯшидани либоси дорои хусусияти мазҳабӣ танҳо ба Озарбойҷон маҳдуд намешавад. Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон низ пӯшидани чунин либос, аз ҷумла ҳиҷоб, дар муассисаҳои давлатии таълимӣ — мактабҳо ва донишгоҳҳо — инчунин дар бисёре аз идораҳо ва корхонаҳои давлатӣ иҷозат дода намешавад. Мақомоти Тоҷикистон ин сиёсатро бо ҳифзи хусусияти давлати доняви мубориза бо фарҳанги бегона ва риояи талаботи қонунгузорӣ асоснок мекунанд.
Баҳсҳо дар бораи таносуби озодии эътиқод ва принсипи дунявияти давлат дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Озарбойҷон ва Тоҷикистон, ҳамоно идома доранд.
