Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд раванди муҳоҷиратро рақамӣ карда, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кориро тақвият ва сатҳи муҳоҷиратро коҳиш диҳанд.
Бино ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар”, рӯзи 7-уми октябри соли 2026 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи муҳоҷират”-ро дар ҷаласаи худ баррасӣ кард. Аммо ду рӯз баъд, “Sputnik Тоҷикистон” хабар дод, ки тағйиру иловаҳои марбут ба таҳрири нави қонун аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шудаанд.
Ба гуфтаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, қонуни нав ба тақвияти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳо, бозҳамгироии муҳоҷирони баргашта, рақамикунонии равандҳои муҳоҷират ва танзими муҳоҷирати дохилию экологӣ равона шудааст.
Аз ҷумлаи ҳадафҳои эълоншудаи қонун коҳиш додани муҳоҷирати ғайриқонунии корӣ, ҳифзи бозори дохилии меҳнат, истифодаи самараноки қувваи корӣ ва паст намудани шиддати муҳоҷирати корӣ мебошанд.
Мақомот интизоранд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва мубодилаи фаврии иттилоот миёни ниҳодҳои давлатӣ шаффофияти расмиёти муҳоҷиратро беҳтар карда, самаранокии идоракуниро баланд мебардорад.
Аммо то куҷо ин тағйирот метавонанд мушкилоти воқеии муҳоҷиронро ҳал кунанд ва барои шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар дохили кишвар кору зиндагӣ кунанд, то куҷо имкониятҳои нав фароҳам оварда мешаванд, маълум нест.
Бояд гуфт, барои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон Русия ҳамоно самти асосии муҳоҷирати корӣ боқӣ монда, тибқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар нимсолаи аввали соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 тақрибан 16 дарсад коҳиш ёфта, аз 978 ҳазор нафар то 825 ҳазор нафар расидааст.
Ва вазъи бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бад буда, ҳамарӯза бо фишору рейдҳо, бо хатари аз даст додани ҷойи кор, вобастагӣ аз корфармо ва дар баъзе ҳолатҳо бо таъхири пардохти маош, истисмори меҳнатӣ ва табъиз рӯ ба рӯ ҳастанд.
Дурӣ аз оила, мушкилоти молиявӣ ва дастрасии маҳдуд ба кумаки ҳуқуқӣ вазъи онҳоро боз ҳам мураккабтар намуда, дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳои корӣ ё ба миён омадани баҳс бо корфармо, на ҳама муҳоҷирон имкони ҳимояи самараноки ҳуқуқҳои худро доранд. Дар гузашта аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон ҷамъиятҳои тоҷикон ва шахсони алоҳида ҳимоят мекарданд ва ҳоло фаъолиятҳои онҳо маҳдуд шуда, бархе аз онҳо мисли Иззат Амон ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
Аз ин рӯ, барои муҳоҷирон танҳо содда кардани расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ё ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ кофӣ набуда, онҳо ба дастгирии воқеӣ, аз ҷумла кумаки ҳуқуқӣ, ҳимояи консулӣ ва имкони барқарор кардани ҳуқуқҳои поймолшуда ниёз доранд.
Бо вуҷуди ин ҳама мушкилот, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон маҷбуранд муҳоҷирати кориро ҳамчун роҳи асосии таъмини рӯзгори худ ва оилаҳояшон интихоб кунанд.
Маблағҳое, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон мефиристанд, барои бисёре аз оилаҳо манбаи асосии даромад мебошад ва иқтисоди Тоҷикистон аз ин маблағҳо вобастагии калон дорад.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон тақрибан ба 49 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар баробар буда, ин нишондиҳанда аз нақши бузурги даромадҳои муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дар чунин шароит, коҳиш додани муҳоҷирати корӣ бе фароҳам овардани ҷойҳои кории устувор ва имкониятҳои даромади муносиб дар дохили кишвар метавонад вазъи молиявии оилаҳои муҳоҷиронро боз ҳам мушкилтар кунад. Аз ин рӯ, агар мақомот воқеан мехоҳанд вобастагии аҳолиро аз муҳоҷирати корӣ коҳиш диҳанд, бояд на танҳо равандҳои муҳоҷиратро танзим кунанд, балки барои шаҳрвандон дар дохили кишвар низ имкониятҳои воқеии кору зиндагии шоиста фароҳам оваранд.
Мақомот ҳам яке аз масъалаҳои асосии сиёсати нави муҳоҷиратро таъсиси ҷойҳои корӣ ва коҳиши шиддати муҳоҷират гуфтаанд.
Ва агар мақомот мехоҳанд вобастагии аҳолиро аз шуғл дар хориҷ коҳиш диҳанд, бояд шарҳ диҳанд, ки кадом соҳаҳои иқтисод метавонанд шаҳрвандонро бо кор таъмин кунанд, чанд ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад ва оё маоши пешниҳодшаванда барои пӯшонидани хароҷоти асосии оилаҳо кофӣ хоҳад буд.
Чун масъалаи нокифоя будани ҷойҳои корӣ дар гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ низ матраҳ шудааст. Ин созмон дар гузориши худ, ки 12-уми июни соли 2026 нашр шудааст, ба монеаҳои сохтории рушди бахши хусусии Тоҷикистон, аз ҷумла суръати нокифояи таъсиси ҷойҳои корӣ ва имкониятҳои маҳдуди гузариши кормандон аз кишоварзии каммаҳсул ба соҳаҳои сермаҳсултари саноат ва хидматрасонӣ ишора кардааст.
Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, тақрибан чоряки қувваи кории Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи ҷойи кор ба хориҷ меравад, зеро имкониятҳои шуғл дар дохили кишвар маҳдуданд.
Ҳамчунин тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, маоши миёнаи номиналии якмоҳа дар моҳи майи соли 2026 ба 3 ҳазору 304 сомонию 5 дирам баробар буд. Аммо ин нишондиҳандаи миёна фарқияти даромадро байни минтақаҳо, касбу ихтисосҳо ва соҳаҳои гуногуни иқтисод инъикос намекунад ва дар асоси ин рақам низ муайян кардан мумкин нест, ки маош барои пӯшонидани хароҷоти як оилаи мушаххас кофӣ аст ё не. Ва худ муҳоҷирати шаҳрвандон аз нокифоя будани маош дар дохили кишвар далолат мекунад.
Нуқтаи дигар дар қонун ин рақамикунонӣ мебошад ва такмили қонунгузорӣ худ аз худ маънои беҳтар шудани вазъи муҳоҷирони меҳнатиро надорад. Низомҳои рақамӣ метавонанд расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ва мубодилаи иттилоотро байни мақомоти давлатӣ осон кунанд, аммо онҳо ҷойи кумаки ҳуқуқии дастрас, дастгирии муассири консулӣ ва механизмҳои барқарор кардани ҳуқуқҳои поймолшударо гирифта наметавонанд.
Суоли асосӣ ҳанӯз бепосух мемонад: оё Тоҷикистон бо қабули ин қонун метавонад ба шаҳрвандони худ имкониятҳои воқеии иқтисодиро пешниҳод кунад, то онҳо дар дохили кишвар зиндагии шоиста дошта бошанд, ё мардум ҳамоно маҷбур мешаванд барои дарёфти даромади муносиб ба хориҷ раванд?
