Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 нисбат ба кишварҳои ҳамсоя сусттар хоҳад буд

Бино ба гузориши нави Конфронси савдо ва рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD) бо номи “Trade and Development Report 2026“, ки рӯзи 9-уми октябр нашр шудааст, иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ метавонад 6,6 дарсад рушд кунад.

Тибқи ин пешгӯӣ, дар байни се кишвари Осиёи Марказӣ, рушди иқтисоди Қирғизистон дар соли ҷорӣ 8,8 дарсад ва Узбекистон 7,9 дарсад пешбинӣ мешавад.

Ҳамин тариқ, суръати пешбинишудаи рушди иқтисоди Тоҷикистон аз нишондиҳандаи Қирғизистон 2,2 дарсад ва аз нишондиҳандаи Узбекистон 1,3 дарсад камтар мебошад.

Бо вуҷуди ин, пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистон аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ, ки “UNCTAD” онро 2,6 дарсад арзёбӣ мекунад, хеле баландтар аст.

Аммо арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди суръати рушди иқтисоди кишвар аз ҳам фарқ мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон рушди иқтисодро дар соли 2026 дар сатҳи 8,5 дарсад пешбинӣ кардааст. Вале тибқи маълумоти нашркардаи “Азия-Плюс”, барои Тоҷикистон Бонки рушди Авруосиё рушди 8,3-дарсадӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 7,9 дарсад ва Бонки осиёии рушд 7,3 дарсадро пешгӯӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонро 6,5 дарсад ва Хазинаи байналмилалии асъор 6 дарсад арзёбӣ кардаанд.

Тафовути пешгӯиҳо метавонад ба усулҳои ҳисоб ва фарзияҳои гуногун дар бораи рушди минбаъдаи иқтисод вобаста бошад. Ҳукумат натиҷаҳои интизоршавандаи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ, рушди саноат, энергетика ва инфрасохторро ба назар мегирад.

Созмонҳои байналмилалӣ бошанд, омилҳои берунаро низ арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла, вазъи иқтисодии кишварҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон, ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, нархи ҷаҳонии ашёи хом ва арзиши молҳои воридотӣ метавонанд ба рушди иқтисоди кишвар таъсир расонанд.

Тибқи гузориши “UNCTAD“, суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2026 то 2,6 дарсад коҳиш меёбад. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2025 ин нишондиҳанда 2,9 дарсадро ташкил дода буд.

Ин созмон рушди иқтисоди кишварҳои рӯ ба рушдро дар соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна 4 дарсад пешбинӣ мекунад. Соли гузашта суръати рушди ин гурӯҳи кишварҳо 4,7 дарсад буд.

Бо вуҷуди сустшавии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тибқи пешгӯии “UNCTAD“, ҳаҷми воқеии тиҷорати байналмилалии молу хизматрасониҳо дар соли 2026 тақрибан 4 дарсад афзоиш меёбад.

Осиё ҳанӯз ҳам яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ боқӣ монда, ба арзёбии “UNCTAD“, дар соли 2026 тақрибан 59 дарсади афзоиши умумии иқтисоди ҷаҳонӣ ба кишварҳои ин минтақа рост меояд.

Дар байни кишварҳои Осиё, ба ғайр аз Қирғизистон ва Узбекистон, рушди иқтисоди Ҳиндустон 7,3 дарсад, Муғулистон 7 дарсад, Индонезия 5,2 дарсад, Чин 4,5 дарсад ва Ветнам 7,8 дарсад пешбинӣ шудааст.

“UNCTAD” таъкид мекунад, ки дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ зери таъсири танишҳои геополитикӣ, болоравии нархи захираҳои энергетикӣ ва тағйирот дар тиҷорати байналмилалӣ қарор дошта, маҳдудияти дастрасӣ ба технологияҳо, маблағгузорӣ ва бахшҳои ояндадори бозори ҷаҳонӣ низ барои кишварҳои рӯ ба рушд мушкилоти иловагӣ эҷод мекунад.

“UNCTAD” ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи савдо ва рушд буда, соли 1964 таъсис ёфтааст. Созмон таҳқиқоти иқтисодӣ анҷом медиҳад, омор ва пешгӯиҳоро нашр мекунад ва ба кишварҳо оид ба рушди савдо, сармоягузорӣ, молия ва технология тавсияҳо пешниҳод менамояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон – майдони рақобати Эрон ва Исроил

Гузориши "Эрон Интернешнл" аз ъумқи нуфузи ҷосуси Исроил дар сохтори молӣ ва низомии Эрон хабар медиҳад.

Қонуни нави муҳоҷират дар Тоҷикистон: оё мушкилоти муҳоҷирон ҳал мешаванд?

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд раванди муҳоҷиратро рақамӣ карда, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кориро тақвият ва сатҳи муҳоҷиратро коҳиш диҳанд.

Манъи ҳиҷоб дар мактабҳо Озабойҷон баҳсҳои навро ба миён овард

Дар Озарбойҷон пас аз ҷорӣ шудани қоидаҳои нави либоси мактабӣ, масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ баҳсбарангез шудааст.

БОЗГАШТИ ҲАЗОРҲО ҶАНГҶӮ БА ТОҶИКИСТОН ЧӢ ПАЁМАДҲОЕ ХОҲАД ДОШТ?

Чанд созмони мофиёии Колумбиёву Мексик аъзои худро ба ҷанги Укроин алайҳи Русия фиристодаанд, то таҷрибаи ҷангӣ биомӯзанд.