Шӯриши низомӣ дар Русия: Путин аз қудрат меравад?

Шаби 23 ба 24-уми июни соли ҷорӣ нерӯҳои ширкати “Вагнер” бо сардории Евгений Пригожин минтақаи Ростови лаби Дон, Варонеж, чандин пойгоҳҳои низомӣ ва фурӯдгрҳҳоро дар Русия зери тасарруфи худ даровард.

Сабаби қиёмии гурӯҳи низомии “Вагнер” алайҳи артиши Русияро худи Пригожен дар “хиёнат”-и Вазорати дифои Русия алайҳи ин гурӯҳи хусусии низомӣ унвон кард. Пештар аз ин Пригожен артиши Русияро муттаҳам кард, ки ба мавзеъҳои шибҳи низомиёнаш мушак партоб кардааст. Ӯ дар хитоб ба вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт: “Бояд пеши роҳи нерҳои аҳримании фармондеҳи аршади артиши Русия” гирифта шавад ва аз ҳаракат ба сӯи Маскав барои “барқарории адолат” хабар дод.

Вале ҳукумати Русия ин ҳаракатро “шӯриши мусаллаҳона” ва мухолиф ба тамоми қавонини ин кишвар хонд. Худи имрӯз Додситонии кулли Русия аз боз кардани парвандаи ҷиноятӣ бар зидди ширкати “Вагнер” бо иттиҳоми “Ошӯби мусаллаҳона” иттилоъ дод.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ширкати “Вагнер”, ки пештар муҳоҷирон ва маҳбусонро боздошт ва ба ҷанг мебурд, дар ин қиёми худ танҳо нест ва шахсиятҳои зиёде аз фармондеҳони аршади дар байни низомиёни Русия вуҷуд дорад, ки ҳукумати Путинро қабул надоранд ва дар ояндаи наздик аз ҳамроҳшавии худ бо пригожен хабар хоҳанд дод.

Аз чанд шаҳру вилоятҳои Русия бархе муҳоҷирони кории тоҷик бо ирсолу аксу наворҳо ба Azda tv хабар доданд, ки дар кӯчаву роҳҳо низомиёни зиёде дида мешавад ва тақрибан ташдидҳои амниятӣ дар тамоми минтақаҳои Русия ба чашм мехӯрад.

Раисҷумҳури Русия, ки то кунун хомӯш буд ва ба изҳороти батакрори Пригожен алайҳи Шогу посухе намедод, субҳи имрӯз иқдоми сардори “Вагнер”-ро “Шӯриши мусаллаҳона” хонда, афзуд, ки ин кори ӯ бепосух намемонад.

Путин дар суҳбати худ бештар ба иттиҳоду инсиҷоми тамоми нерӯҳо даъват намуд ва таъкид кард, ки ҷавоби сангине алайҳи нерӯҳои зархариди “Вагнер” ворид хоҳад кард.

Аксари коршиносони ғарбӣ қиёми Пригоженро вуҷуди халалҳои идорӣ ва фасод дар байни артиши Русия дониста, мегӯянд, эҳтимол ин қиём ба табаддулоти давлатӣ дар Русия меанҷомад. Лаҳзае пеш НАТО низ иттилоъ дод, ки ҳаводиси Русияро назорат дорад.

Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз тамоми шаҳрвандони кишвар хост, ки Русияро хатари вазъияти амниятӣ таҳдид мекунад ва аз ин лиҳоз аз сафар ба минтақаҳои наздимарзии Русия бо Украина худдорӣ кунанд.

“Ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва чорабиниҳои оммавӣ, хусусан бо истифода аз нақлиёти шахсии худ, нараванд.”, омадааст дар изҳороти сафорат.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Барқи офтобӣ барои 64 ҳазор аҳолии Бадахшон: “лимит” аз байн меравад?

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва обӣ, зеристгоҳ ва хатти нави интиқоли барқ ифтитоҳ шуд.

Кишварҳои ИА барои таҳияи механизми бозгардонии муҳоҷирон мувофиқат карданд

Вазирони корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати 18 кишвари аврупоӣ ба таҳияи механизми нави вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карданд.

Тоҷикистон бори аввал номзадии худро ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард

Тоҷикистон дар таърихи худ бори аввал номзадияшро ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Бехатарии СММ барои солҳои 2028–2029 пешниҳод кард.

ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст.