29.9 C
Dushanbe

Омбудсмени тоҷик дар Варшава

Намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон рафтаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳайати кории Тоҷикистон дар Варшава “масъалаҳои марбут ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизро” бо сохторҳои мухталифи Ҷумҳурии Лаҳистон баррасӣ менамояд.

Ба қавли АМИТ “Ховар”, дар рафти ин сафари корӣ намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 8-уми август бо Директори Раёсати кишварҳои шарқии Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба ва дуҷонибаро дар самти ҳуқуқи инсон баррасӣ кардаанд.

Инчунин, 9-уми августи соли ҷорӣ Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Умед Бобозода бо Ваколатдори ҳуқуқи инсони Лаҳистон вохӯрӣ намуда, дар бораи “дастовардҳо”-и Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва қабули қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, ки соли гузашта қабул гардид, гуфтугӯ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол сомонаи расмии Ваколатдори ҳуқуқи инсони Лаҳистон вохӯрии ҷонибҳоро тасдиқ карда гуфтааст, ки ин мулоқот бо дархост ва мувофиқаи Бунёди Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки барои табодули иттилоъ дар бораи фаъолиятҳои ҳарду ниҳоди ҳуқуқи башар, баргузор шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар мулоқот Ваколатдорони ҳуқуқи инсони ду кишвар Марчин Виончек (Marcin Wiącek) ва Умед Бобозода, инчунин муовини вазири адлияи Тоҷикистон Шараф Каримзода ва Мачией Крук (Maciej Kruk), муовини директори Гурӯҳ оид ба корҳои президентӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, вохӯриҳои намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон бо мақомдорони Лаҳистон то 13-уми август идома хоҳад кард.

Бояд қайд кард, ки дар хабарҳои расмӣ ба ҷуз номи Ваколатдори ҳуқуқи инсон Умед Бобозода номи дигар аъзоёни ҳаайт оварда нашудааст ва маълум нест, ки ин ҳайат аз чанд нафар иборат аст ва киҳо шомили онанд.

Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҳоле бо намояндагони яке аз кишварҳои аврупоӣ дар масъалаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз суҳбат мекунад, ки ин ниҳод тақрибан дар кишвар ҳеҷ таъсире надошта, дар аксар ҳолат аз манофеъи ҳукумат ҳимоят мекунад ва мухолифон раҳбари ин ниҳодро “адвокати ҳукумат” меноманд.

Аммо дар сомонаи расмии Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфта шудааст, ки “Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба он равона карда шудааст, ки ҷавобгӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буда, барои ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон механизми самарабахш бошад, инчунин фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ, гузаронидани санҷишу тафтишҳо ва мониторинги ҳуқуқу озодиҳои инсон ва корҳои таҳлилӣ иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи инсон равона карда шудааст“.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

33 миллион доллар хисорат аз фасод

Дар як соли ахир Тоҷикистон аз мансабдорони фасодкор ба маблағи 347 миллион сомонӣ (ҳудуди 33 миллион доллар) хисорот дидааст.

Чаро хабарнигори тоҷикро ба Узбекистон роҳ надоданд?

Мақомоти Узбекистон як хабарнигори тоҷикро панҷ сол аз ҳаққи даромадан ба ин кишвар маҳрум карданд.

Исроил уҳдадор шуд ба “ишғолгарӣ” хотима бахшад

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 18-уми сентябр қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он Исроил муваззфа шудааст, нерӯҳои худро аз Навори Ғазза берун кашад.

Барои муҳоҷирон дар Русия боз як имтиҳони дигар изофа шуд 

Муҳоҷирони корӣ дар Русия барои гирифтани патент бояд ба таври шифоҳӣ имтиҳони забони русӣ супоранд.