Ҳукми Хуршед Фозиловро бетағйир гузоштанд

Додгоҳи вилояти Суғд 7-сол ҳукми зиндони рӯзноманигор Хуршед Фозиловро бетағйир гузоштааст. 

Имрӯз, 14-уми август зимни нишасти хабарӣ масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Додгоҳи вилояти Суғд шикояти Хуршед Фозилов ва вакилони дифои ӯро дар мавриди бекор кардани ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент рад кардаанд. 

Шикояти Фозилов ва вакилонаш 12-уми июли имсол рад шуда, маълум нест, ки онҳо ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят мебаранд ё на.

Пештар аз ин, Додгоҳи марҳалаи назоратии шаҳри Душанбе ҳам ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони тоҷикро бетағйир гузошта буд. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов 26-уми майи соли ҷорӣ дар мурофиаи додгоҳие дар Боздошгоҳи шаҳри Хуҷанд ба иттиҳои ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. Пайвандону наздиконаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.  

Хуршед Фозилов 6-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт шуд. Баъд аз боздошт мақомот ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар донистанд. Аммо худи Фозилов иттиҳоми мақомотро рад карда гуфтааст, ки танҳо дар доираи қонун фаъолият дошт. 

Ин рӯзноманигор дар суҳбат бо вакилаш гуфтааст, мақомоти амниятии кишвар ӯро маҷбур кардаанд то бар зидди худаш шаҳодат диҳад.

Хуршед Фозилов аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран шоҳидӣ додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят бурда буд, аммо он рад шуд.  

Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд. 

Дар як соли охир мақомоти кишвар чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони шинохтаро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии онҳоро талаб кардаанд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Саркӯби рӯзноманагирон, блогерон ва фаъолони маданӣ дар кишвар боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот поёнтар аз Афғонистон, ки онҷо зимоми қудратро Толибон дар даст доранд, қарор бигирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.

Кишварҳои СПАД ба Тоҷикистон силоҳ мефиристанд

Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) қасд доранд то поёни соли 2026 интиқоли силоҳу техникаи низомиро ба Тоҷикистон оғоз кунанд.