Нишасти Теҳрон: Эрон ва аъзои Паймони Макка ба идомаи музокирот мувофиқат карданд

Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия пас аз нишасти Теҳрон аз идомаи гуфтугӯҳо барои таҳкими сулҳу амнияти минтақа хабар доданд.

Ба гузориши расонаҳои эронӣ, ин дидор 26-уми октябр дар Теҳрон баргузор шуд. Телевизиони давлатии Эрон натиҷаи онро тавофуқ барои идомаи музокирот ва густариши ҳамкориҳои амниятӣ эълон кард.

Дар нишаст Арабистони Саудиро вазири дифоъ Холид бин Салмон, Покистонро фармондеҳи артиш Осим Мунир ва Туркияро роҳбари истихборот Иброҳим Қалин намояндагӣ карданд. Ба навиштаи Reuters, масъалаҳои коҳиши таниш, ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудӣ, тангаи Ҳурмуз ва муҳосираи бандарҳои Эрон дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор доштанд.

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, дар дидор бо ҳайатҳо кишварҳои исломиро ба ҳамоҳангии мавқеъҳо даъват кард. Ӯ изҳори умед намуда, ки ин мулоқот ба таҳкими ҳамбастагии минтақавӣ мусоидат мекунад.

Пизишкиён ҳамчунин гуфт, Теҳрон аз ҳар тафоҳуме, ки ба амнияту рушди минтақа кумак кунад, пуштибонӣ менамояд. Ӯ таъкид кард, ки Эрон дар пайи сохтани силоҳи ҳастаӣ нест ва мехоҳад фаъолиятҳои ҳастаии худро дар доираи ҳуқуқу уҳдадориҳои байналмилалӣ идома диҳад.

Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия моҳи августи соли ҷорӣ Паймони дифоии Маккаро имзо карданд. Наздикшавии дипломатии онҳо ба Теҳрон дар шароите сурат мегирад, ки ҳамлаҳои ҳусиҳои Яман ба Арабистони Саудӣ фишорро бар ин эътилоф бештар кардааст.

Натиҷае, ки аз ин нашаст то ҳоло эълон шудааст, идомаи гуфтугӯҳост. Аммо то ҳанӯз аз имзои созишномаи сулҳ ё оташбасе байни ҳусиҳои Яман ва Арабистони Саудӣ ва дигар масоили вобаста ба амнияти минтақа эълон нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон барои роҳ ва оби Кӯлоб 55,4 миллион евро қарзи нав мегирад

Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд барои таҷдиди роҳи Балҷувон–Сари Хосор ва беҳсозии обрасонии Кӯлоб то 55,4 миллион евро қарзи давлатӣ ҷудо мекунад.

“Тӯби тиллоӣ 2026” насиби кӣ гашт?

26-уми октябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Лондони Британияи Кабир маросими супурдани ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ 2026" ба беҳтарин футболбозони сол баргузор гардид.

Бори гарони муҳоҷирон сабук мешавад?

Тоҷикистон бори аввал дар қонун уҳдадории давлатро барои мусоидат дар бозгардонии ҷасади шаҳрвандони дар хориҷ фавтида пешбинӣ кард.

Миллатгароӣ дар Русия: Мавашии “қаҳрамон” ва муҳоҷири “ахлот”

Дирӯз, 25-уми октябр миллатгарои ифротии рус Миша Маваши мурд. Марги ӯ дубора баҳси миллатгароӣ дар Русияро зинда кард.