18.9 C
Dushanbe

Як пирамарди 70-сола барои “лайк” гузоштан зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғд як омӯзгори бознишастаи 70-соларо бо иттиҳоми ифротгароӣ панҷ сол зиндонӣ кардааст.

Ҳукми зиндони Камолиддин Шарофов 7-уми августи соли ҷорӣ содир шуда, ӯро 8-уми август ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд.

Пайвандону наздикони Шарофов мегӯянд, ки додрас ӯро ба писандидани саҳифа ва тамошои наворҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон гунаҳкор донистааст, аммо ин омӯзгор иттиҳоми нисбаташ эълоншударо қабул надорад. 

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки Камолиддин Шарофов ба сабаби мушкили молӣ вакил надошт ва ба ҳамин далел ба зинаҳои болоии додгоҳ низ муроҷиат намекунад.

Гуфта мешавад, ин омӯзгори бознишаста, ки 70 сол дорад ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ аз вазъи саломатиаш шикоят кард ва хоҳони табобат шудааст. Аммо додрас гуфтааст, ки ин дархостро аз маъмурони маҳбас бикунад.

Ёдовар мешавем, ки Камолиддин Шарофов дар аввали моҳи майи соли ҷорӣ, баъди як баҳс дар бораи хидмати ҳарбӣ дар ҷамоати Сурх, ки гуфта будааст, ба Радиои Озодӣ ва “Ислоҳ тв” аз рӯи рафтори ғайриқонунии кормандони комиссарияти ҳарбӣ шикоят менависад, аз ҷониби кормандонии амниятии Исфара дастгир шуд ва мақомот гӯё маълум кардаанд, ки ӯ “чанд навори “Ислоҳ ТВ”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ писандида, чандеро ба дӯстонаш фиристодааст”. 

Ин бори аввал нест, ки мақомдорони тоҷик сокинони кишварро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо мухолифон ва барои дидан ё гузоштани “лайк”-у ба дигарон фиристодани наворҳои вобаста ба мухолифон боздошту зиндонӣ мекунанд.

Пештар аз ин, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 12-уми июн Муҳиба Давронова 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” барои 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” рӯзи 14-уми июн дар суҳбат бо Azda tv гуфта буд, ки “Ҳеч вақт ин зан бо мо дар тамос набуд ва ҳеч маълумоте ҳам ба мо фиристогӣ нест.” Ӯ инчунин дар идома афзуд, ки “ин иттиҳоми навбатии мақомот болои сокинони оддии кишвар аст. Ва мақомдорон барои тарс додани сокинони кишвар чанд маротиба шуда, ки чунин кореро анҷом медиҳанд.

Моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон Мавлуда Боймуродзода, мудири пешини маорифи ноҳияи Панҷ, Зоидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия мазкур ва Абдураҳмон Иззатмандов, хабарнигори телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо”-ро, ки гӯё онҳо аз вазъи маориф дар ноҳияи Панҷ ба шабакаи “Ислоҳ ТВ” шикоят кардаанд, зиндонӣ кард. Инчунин даҳҳо нафари дигар бо ин иттиҳомот дар зиндонҳои кишвар қарор доранд, ки номашон расонаӣ нашудааст. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.