31.9 C
Dushanbe

Роналду бо тимаш ба Тоҷикистон мераванд

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки ситораи футбол Криштиано Роналду онҷо бозӣ мекунад, қувваозмоӣ хоҳад кард.

Имрӯз, 24-уми август дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баргузор гардид. Тибқи ин қуръакашӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо дастаҳои “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, “Персеполис”-и Эрон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар дар гурӯҳи “E” қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, бозиҳои аввал дар гуруҳи “Е” байни дастаҳои “Персеполис” ва “Ал-Наср” дар шаҳри Теҳрони Эрон ва миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” рӯзи 18-уми сентябр дар майдони марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Инчунин яке аз бозиҳои гурӯҳии “Истиқлол” бо “Ал-Наср” дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин маънои онро дорад, ки ситораҳои футбол Криштиану Роналду ва Садио Мане ба Душанбе хоҳанд омад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Озодии ду узви собиқи раёсати олии ҲНИТ

Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов, ду узви собиқи раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон озод шуданд.

Густариши ҳамлаҳои Исроил ба дохили Лубнон

Танишҳо низомӣ миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон шиддат гирифтааст.

Парвозҳои Теҳрон – Душанбе баъд аз се моҳи таваққуф аз сар гирифта шуданд

Парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе пас аз се моҳи таваққуф дубора барқарор гардиданд.

Дар Душанбе зане, ки манзили иҷораро ба нашъахона табдил дода буд, дастгир шуд

Шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД-2) дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ошкор шудани як макони махсуси нашъамандон хабар дод.