19-уми октябри соли ҷорӣ, фаъоли зодаи Бадахшон Саидтаиб Саидмамудов дар Олмон боздошт шудааст ва бо гузашти ду ҳафта наздиконаш ҳанӯз аз маҳалли будубош ва вазъи ҳуқуқии ӯ маълумот надоранд.
Бино ба иттилои манобеи “Паём”, Саидмамудов фаъоли сиёсӣ ва намояндаи ҷомеаи помирӣ буда, дар чанд тазоҳуроти осоиштаи тоҷикон дар Олмон, аз ҷумла дар тазоҳуроти 28-уми сентябри соли 2023 дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва эътирози 30-уми сентябри ҳамон сол дар назди Идораи канслери федералии Олмон иштирок карда будааст.
Наздиконаш аз он нигаронанд, ки Саидмамудов истирдод мешавад ва фаъолияти эътирозии ӯ метавонад дар Тоҷикистон сабаби таъқибаш шавад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин намояндаи ҷомеаи помирӣ пас аз боздошт дар Баварияи нигаҳдорӣ мешавад. Аммо боздошти Саидмамудов ва эҳтимоли нигоҳдории ӯ дар Бавария то замони таҳияи ин хабар мустақилона тасдиқ нашудааст. Мақомоти Олмон ва Тоҷикистон ҳам дар бораи ин қазия изҳори назар накардаанд.
Дар ҳамин ҳол ба дасти “Паём” акси ҳуҷҷате расидааст, ки аз номи пулиси федералии фурудгоҳи Франкфурт тартиб дода шудааст ва дар он номи Саидтаиб Саидмамудов ва санаи 19-уми октябри соли 2026 сабт шудааст.
Дар варақа гуфта мешавад, ки ӯ дар Олмон паноҳ хостааст ва барои пешниҳоди дархости расмӣ бояд ба шуъбаи дахлдори Идораи федералии муҳоҷират ва паноҳандагон (BAMF) муроҷиат кунад.
Тибқи маълумоти Феҳристи марказии шаҳрвандони хориҷӣ, то 31-уми августи соли 2026 дар Олмон 12 ҳазору 891 шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Аз ин шумор 1074 нафари онҳо уҳдадории тарки кишварро доранд.
Аз миёни онҳо 922 нафар мақоми Duldung доранд. Ин мақом маънои онро дорад, ки уҳдадории тарки Олмон боқӣ мемонад, аммо ихроҷашон муваққатан боздошта шудааст. 152 нафари дигар чунин мақом надоранд.
Ҳамчунин, тибқи маълумоти ҳукумати Олмон, аз моҳи январ то августи соли 2026 аз ин кишвар ба Тоҷикистон 27 нафар ихроҷ шудаанд. Дар миёни онҳо ду зан ва як ноболиғ низ будаанд.
Масъалаи эҳтимоли бозгардондани Саидмамудов ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанд фаъоли мухолифи тоҷик пас аз истирдод аз Олмон дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Аз соли 2023 ба ин сӯ Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев, Дилмурод Эргашев ва Асадулло Бобоев пас аз истирдод ба Тоҷикистон ба 7, 10, 8 ва 17 соли зиндон маҳкум шудаанд.
