Дар пайи боздошти Холиқзода мудири “Эр-граф” ҳам боздошт шуд

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи боздошти Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони “Ибни Сино” молики нашриёти “Эр-граф”-ро низ боздошт кардаанд.

Наздикионаш мегӯянд, аз замони боздошт то ҳол ӯро наметавонанд бубинанд.

Як манбаъ аз Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат ба Azda tv гуфт, мудири кулли нашриёти “Эр-граф” як рӯз пас аз боздошти Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби баҳсбарангези “Ҳаводиси рӯзгори ман” боздошт шудааст. Манбаъ мегӯяд, китоби мазкур дар ин чопхона ба табъ расида буд ва шояд боздошташ ба ҳамин масъала рабт дошта бошад.

Ба иттилои манбаъ, пайвандонаш дар бораи боздошти ӯ суҳбат намекунанд, вале ба гуфтаи ӯ, қаблан мақомот мудири кулли нашриётро ду маротиба барои бозпурсӣ даъват карда, ҷавоб доданд. “Аммо баъди як рӯзи боздошти Холикзода ӯро ба бозпурсӣ даъват кардаанду аз он замон то имрӯз касе ӯро дар ҷои кораш, яъне чопхона надидааст.“, мегӯяд манбаъ.

Тамосҳои Azda tv ба идораи чопхонаи мазкур бенатиҷа буд ва ҳамзамон шумораи телефони мудири ин чопхона низ “дастнорас” шудааст.

Манбаи мо ҳамчунин афзуд, ки чопхона, ки ширкати хонаводагӣ аст ва онро чанд бародар идора мекарданд, вақтҳои охир яке аз чопхонаҳои муваффақи кишвар ба шумор мерафт ва дар ҳоли рушд ёфтан буд.

Мувофиқи гуфтаи бархе огоҳони қазия, боздошти мудири кулли чопхонаи “Эр-граф” зоҳиран бо баҳонаи нашри китоби “Хаводиси рӯзгори ман” аст, аммо амалан ин ширкати муваффақро, ки рақиқби чопхонаи домоди Эмомалӣ Раҳмон “Нашриёти муосир” дониста мешавад, аз майдон берун кардан аст.

Ёдвар мешавем, ки соли 2020 Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кард, ки бо фармони худи Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди 1 миллиону 600 ҳазор нусха чоп шуда, ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ як нусхаӣ ҳамчун туҳфа тақдим шавад. Барои чопи ин миқдор нусха аз буҷаи давлат 136 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд.

Ожонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон, ки мудири он Зайнулло Шарифов, бародари Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон аст, барои чопи китоб моҳи феврали соли 2020 озмун, ё тендери кушода эълон кард. Дар ин тендер се чопхона, “Нашриёти муосир”, Ганҷ нашриёт” ва “Эр граф” ширкат карданд.

Мувофиқи маълумоти як таҳқиқоти журналистие, ки он замон Радиои Озодӣ гузаронид, барои чопи 1 миллиону 600 ҳазор нусхаи китоби “Тоҷикон” чопхонаи домоди Эмомалӣ Раҳмон, “Нашриёти муосир” 133 миллиону 280 ҳазор сомонӣ, “Ганҷ нашриёт” 149 миллиону 920 ҳазор сомонӣ ва “Эр-граф” 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пешниҳод карданд.

Вале чун мудири Ожонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон бародари Шамсулло Соҳибов аст, чопхонаи бародараш, “Нашриёти муосир”-ро барандаи тендер эълон кард ва боз ба ҷои 4,5 миллони пешниҳод кардаи “Эр-граф” 136 миллони буҷаи давлатӣ ба кисаи домоди Эмомалӣ Раҳмон рехта шуд.

Ба гуфтаи огоҳон, агар баҳона чопи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и Холиқзода бошад, чопхона ба ҳеч ваҷҳ ҷавобгари муҳтавои китоб нест. Вале ин баҳона асту домоди Эмомалӣ Раҳмон моликони “Эр-граф”-ро рақиби худ донист ва бо баҳонаи кӯчаке мехоҳанд ӯро аз байн бардоранд. Зеро ҳеч рақибе дар Тоҷикистон наметавонад дар баробари тиҷорати домодҳои Эмомалӣ Раҳмон ва дигар наздиконаш қомат рост кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

321 миллиард рубл даромади Русия аз муҳоҷирон

Дар якуним сол ба буҷети давлатии Русия аз бахши муҳоҷират 321 миллиард рубл (тақрибан 4 миллиард доллар) ворид шудааст.

Расонаи нави “Tajikistan Newsroom” ба забони англисӣ ба кор оғоз кард

Ҳамзамон бо таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, платформаи нави хабарии англисизабон бо номи "Tajikistan Newsroom" фаъолияти худро оғоз кард.

Тағйирёбӣ обуҳаво: хокбориш дар роҳ аст

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон тағйири ҳаво дар назар аст ва кишвар боз бо мушкили гарду ғубор рӯ ба рӯ мешавад.

Афзоиши даргириҳо дар Яман: ҷанг ба марҳилаи нав ворид шуд

Дар Яман аз оғози моҳи сентябр даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷамоати Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо) дар чанд вилояти ин кишвар шиддат гирифтааст.