Волидайни мухолифи тоҷикро мақомот озод карданд

Падару модари пиронсол ва хоҳари Фарҳод Худоёровро мақомоти интизомии ноҳияи Рашт шоми 8-уми сентябри соли ҷорӣ аз боздоштгоҳ раҳо карданд.

Фарҳод Худоёров, фаъоли маданӣ ва паноҳанда дар Аврупо рӯзи сешанбе дар тамос ба Azda tv гуфт, ки 8-уми сентябр як гурӯҳи корӣ аз мақомоти ноҳияи Рашт барои таҳқиқи парвандаи волиданаш таъсис додаанд. Санҷиши ин ҳайати корӣ муайян карда, ки падару модари пири ӯ бегуноҳ буда, онҳоро пулиси ноҳия бедалел боздошт кардааст.

Ба гуфтаи Фарҳод Худоёров, ин ҳайати корӣ хулоса баровард, ки волидан ва хоҳараш раҳо карда шаванд. Ва ҳоло онҳо ба хона баргаштаанд.

Фарҳод мегӯяд, “Кормандони Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Рашт бо дастури додситони ин ноҳия Кишварзода Абдурашид боздошт карда буданд, хулосаи таҳқиқи парванда нишон дод, ки рафтори кормандони милисаи шаҳраки Навобод худсарона буда, бедадлел падару модари маро боздошт кардаанд.“

Худоёров мегӯяд, ҳайати кории мақомоти ноҳия Судобаи Искандар, зане, ки ба хонаи онҳо бо санг ҳамла карда буд, ҳамроҳи модару хоҳараш гунаҳкори ин қазия донистааст.

Ёдовар мешавем, 6-уми сентябр мақомоти милисаи ноҳияи Рашт падари 78-сола ва модари 68-сола ва хоҳари Фарҳод Худоёровро боздошт карда, ба боздоштгоҳи ноҳияи Рашт бурда буданд. Ба гуфти пайвандони боздоштшудаҳо, пас аз боздошт зидди онҳо бо моддаи 237 қисми 2 (Авбошӣ) парванда боз карданд.

Манбаи аслии Azda tv Фарҳод Худоёров дар шаҳри ҳодиса гуфта буд, ки як гурӯҳ одамон, аз ҷумла раиси маҳалла, Сафаров Маҳмадраҳим, имомхатиб, Назриев Абдуллоҷон ва ҳамсари Абдуллоҳ Азимов, нафаре, ки дар қатли бародарзодааш даст доштааст, Судобаи Искандар ҳамроҳи модару хоҳараш шаби 3-ум ба 4-уми сентябри соли ҷорӣ ба хонаи онҳо рафта, талаб кардаанд, ки ба берун бароянд.

“Вақте падару модар ва хоҳарам ба берун баромадаанд, онҳо гуфтанд, ки шумо лулаи оби моро қатъ кардед. Дар ҳамин ҳол Судобаи Искандар давида телефони хоҳарамро аз дасташ гирифта мешиканад. Ҷанҷолу занозанӣ шуруъ мешавад, ҳатто ин зан хоҳари маро дар замин хоб карда, мезанад.“- гуфт Фарҳод Худоёров.

Аммо пас аз нашри ин хабар чанде аз корбарон, ки худро сокинони ин деҳа мегӯянд, иддао доранд, қазия ба таври дигар рух додааст. Ба гуфтаи як корбар, пирамард гӯё кӯдаки ноболиғеро бо асо дар миёнаш зада, ба ӯ осеб расондааст. Аммо Худоёровҳо инро рад мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки номи ин хонавода расонаӣ мешавад. Ба гуфтаи Фарҳод Худоёров, хонаводаи Азимовҳо, ки аз пайвандони Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳастанд, борҳо алайҳи хонаводаи онҳо зулму зӯрӣ кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳатто соли 2021 бародарзодааш Алиризо Худоёрови 20-соларо ин хонавода ба қатл расондаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа як рӯҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд.

Аз таҳдиди ҷанг бо Эрон то буҳрони Ғазза: муҳимтарин суханрониҳои Маҷмаи умумии СММ

Ҷанг дар Ховари Миёна, Украина, Ғазза, ояндаи СММ, тағйири иқлим ва танзими ҳушни маснуӣ аз мавзуъҳои асосии суханрониҳои раҳбарони ҷаҳон дар ду рӯзи ахир дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид буданд.

Лағви парвози Теҳрон–Душанбе дар пайи таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон

Парвози ширкати ҳавопаймоии "Вареш" аз Теҳрон ба Душанбе рӯзи 24-уми сентябр пас аз парвоз лағв шуд ва ҳавопаймо ба фурудгоҳ баргашт.

Аҳолӣ ба иншоот ниёз дорад ё ба ҷои кори доимӣ?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми сентябр зимни сафараш ба вилояти Суғд аз бунёди ҳазорҳо иншоот ёдовар шуд.