Мақомоти амниятии Тоҷикистон ду рӯз боз хонавода ва пайвандони даҳҳо нафар аз мухлифонеро, ки дар тазоҳуроти рӯзи 29-уми сентябри дар Олмон ширкат карданд, таъқибу боздошт мекунад.
Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, яке аз масъулони Паймони миллии Тоҷикистон дар Лаҳистон дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки “Имрӯз, 30.09.2023 падару модарам ва апаамро ба идораи амнияти шаҳри Панҷакент даъват карда, аз телефони онҳо занг зада, ҳақорату дашному таҳдидҳо карданд.”
Шоҳимӣ дар суҳбати ҷудогона ба Azda tv гуфт, ки мақомоти амнияти шаҳри Панҷакент ҳамроҳи падару модар ду хоҳарашро, ки ҳарду шавҳар доранду дар хонаҳои худ ҷудо зиндагӣ мекунанд, даъват карда, онҳоро низ боздошт кардаанд. Ӯ гуфт, пайвандонаш субҳи имрӯз боздошт шуда ва то ҳол раҳо нашудаанд.
“Маъмурони амниятӣ аз телефони хоҳарам ба ман занг зада, хеле дашном карданд. Гуфтанд, чаро дар тазоҳуроти Олмон ширкат кардам ва таҳдид карданд, ки ту хоинӣ ва мо ҳамаи наздиконатро нобуд мекунем ва худатро боздошт карда, ба Тоҷикистон меорем. Волидайнамро маҷбур доранд, ки аз ман бихоҳанд аз ин корҳо даст бардорам ва баргардам ба Ватан.”, гуфт Шоҳимӣ дар суҳбат ба Azda tv.
Дар ҳамин ҳол Абдухалил Восиев, бародари Абдураҳим Восиев, узви зиндонии “Гурӯҳи 24” низ дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки дирӯз мақомоти амнияти ноҳияи Қубодиён модар, хушдоман ва додарарусашро боздошт карда, ба идораи амнияти ноҳия бурдаанд, инак ду рӯз боз аз онҳо хабаре нест.
Ҳамзамон Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” низ имрӯз дар саҳифаи фейсбукияш аз идомаи боздошту таъқиби пайвандони аъзояш хабар дод. Ба иттилои ин гурӯҳи сиёсии мухолиф, “падари 81 солаи роҳбари Мақомоти Иҷроияи “Гурӯҳи 24” – Дилшод Шарифов бо иловаи ду додарарӯсаш аз ноҳияи Ҳамадонии в. Хатлон аз дирӯз аз ҷониби мақомдорони Раҳмонов ба ШВКД-и шаҳри Кӯлоб бурда шуданд, ки то ҳол бедараканд! Ду хоҳар ва ду бародараш бошанд, аз ҷониби мақомдорони шаҳри Душанбе бурда шуданд, ки хоҳарони номбурда баъди чаҳор соати пурсупос ва фишор раҳо шуданд, вале бародарони Дилшод Шарифов дар куҷо ва таҳти чӣ шароите қарор доштанашон норӯшан аст.”
Ҳамчунин “Гурӯҳи 24” хабар дода, ки мақомоти қудратии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон хонавода ва пайвандони Исмоил Маҳмадов, узви ин ҳаракат ва шахсе, ки “дар тухмборон кардан ва бо муҳофизи Раҳмонов даст ба гиребон шудан саҳм дошт” боздошт намуда, бо худ бурдаанд.
Ҷамшед Шарифов як узви фаъоли ин гурӯҳ низ аз боздошти бародар ва ду амакаш дар соати дуи шаб аз ҷониби маъмурони амнияти шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) хабар додааст.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” пештар аз боздошти шаш узви хонаводаи Муҳаммадраҷаб Сайидалиев, аз ҷумла модар, хоҳарбузург, додар, келин ва ду ҷияни ӯ хабар дода буд. Пайвандони Сайидалиев аз ҷойи зисташон, яъне ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ ба ш.Душанбе оварда шудаанд.
Инчунин, мақомоти интизомии кишвар Тоҷикистон, падару модар, хушдоман ва додарарӯси Муҳаммадҷон Абдуллоев, падари Юсуф Мирзоев ва ду бародари Ғоибов Зафарро ба Шуъбаи шашуми шаҳри Кӯлоб ва Душанбе бурдаанд. Ҳамаи нафарони дар боло зикршуда аъзои фаъоли “Гурӯҳи 24” мебошанд.
Ба назди пайвандони узви дигари “Гурӯҳи 24” – Хурсанд Наҷмуддинов, кормандони пулис рафта, акси яке аз иштирокдорони тазоҳуроти Берлинро нишон дода, фишор овардаанд то тасдиқ кунанд, ки ин ҷавони дар аксбуда фарзанди онҳост. Ин дар ҳолест, ки Хурсанд дар тазоҳурот ширкат надоштааст.
Ҳамзамон рӯзи гузашта Беҳруз Тағойзода, узви ин ҳаракати сиёсӣ ба Azda tv аз боздошти падараш хабар дода буд.
Мақомоти қудратии Тоҷикистон то ҳол ин боздоштҳои густардаро шарҳ намедиҳанд. Вале мухолифон мегӯянд, чун Раҳмон дар ҳеч сафаре мисли сафараш ба Олмон мавриди ҳамлаи мухолифонаш қарор нагирифта буд, мехоҳад аз хонаводаи онҳо “қасос” бигирад.
Лаҳзае пеш “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор дода, ки даст аз боздошту шиканҷаи хонаводаи аъзоёнаш бардорад ва дар акси ҳол “ба барнома ва ё плони “с” мегузаранд.”
Ин гурӯҳи сиёсӣ нақшаи “с”-ашро шарҳ надодааст, аммо мегӯяд, “Барои анҷоми ин плон тарафдорон ва камингирони ҷонбаркафи “Гурӯҳи 24”, ки ба шаҳодат ҳамеша омодаанд, даст ба кор хоҳанд шуд.”
Ёдовар мешавем, ки бо даъвати расмии мақомоти Олмон Эмомалӣ Раҳмон бо шумули дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 28-уми то 30-уми сентябр бо ҳадафи ширкат дар нишасти якҷояи ин кишварҳо бо Олмон ва мулоқот бо садриаъзам Олаф Шолтс ва президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер ба ин кишвари аврупоӣ омада буданд.
Дар пасманзари сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Олмон, мухолифони ин ҳукуматҳо, аз ҷумла мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 28 ва 29-уми сентябр дар назди сафаорати Тоҷикистон дар Берлин ва дар макони баргузории нишастҳои президентҳо тазоҳурот баргузор карданд.
Рӯзи 29-ум замоне ки корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон ба тарафи бинои садриаъзами Олмон ҳаракат мекарданд, аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҷониби ӯ “Диктатор” садо дода, мошинашро бо тухм заданд.
Дар аксҳое, ки баъдтар нашр шуд, дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз мошине, ки бо тухм зада шудааст, поин мешавад, вале хеле ошуфтаҳол менавмояд.